ВОРУХ МАРЗИ НОМУСИ ҲАР ЯК ТОҶИКИСТОНӢ АСТ!

Яке аз баҳсҳое, ки имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимиро фаро гирифтаанд  ин қазияи Ворух мебошад. Бархе аз мансабдорон ва худхоҳони қирғиз аз ҳадди худ гузашта, аз меҳрубониву хомӯшии мо тоҷикон истифода бурда, мехоҳанд порае аз сарзамини аҷдодии моро ғасб кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба қирғизҳо ҷавоби дандоншикан доданд. Олимону донишмандони тоҷик бо истифода аз сарчашмаҳои таърихӣ ва илмӣ бори дигар собит намуданд, ки натанҳо Ворух, балки Бодкент ва баъзе маҳалҳои қирғизнишин низ ба хоки Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Профессорти қирғиз Қиёс Муллоқосимов ки аз нуқтаи назар таърихи сухан карда, бедалел бо андешахои фитнакоронааш даъвои марзи нанамояд.

Ин шахс дар мусоҳибааш бо нашрияи Koom Press  нафақат Муроғобу Ҷиргатол, балки ҳатто Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистонро “сарзамини қирғизҳо номида, иддао кардааст, ки ҳатто номи Хуҷанд на решаҳои форсӣ, балки решаҳои туркӣ дорад.

Ин суханҳо ягон асоси илмӣ ва таърихӣ надоранд. Мақсад аз ин суханҳо  нором кардани вазъият дар сарҳади ин ду давлат мебошал.

Мо бояд ба чунин иғвоангезон гӯш надиҳем ва барои мӯътадил фаъолият кардани кори комиссияи далатӣ мусоидат намоем. Бо ҳар гуна суханҳои беасос халқро ноором нанамоем.

Таърих гувоҳ аст, ки Ворух ва ҳамаи заминҳои дар гирди он буда ба мо таалуқ дорад, ки он дар ҳуҷҷатҳои таърихи исбот худро ёфтаанд.  Мо тоҷикон хоки ин сарзамини аҷдодиамонро ба ҳеҷ гуна дуру гавҳар надиҳем ва шумо ҷониби Қирғизистон ҳоло фурсат доред барои худхоҳии худ муносибатҳои дӯстонаро миёни ду давлат барҳам насозед, зеро ки мардуми осоиштаи ду давлат ҳеҷгоҳ ҷангу ҷидолро намехоҳад.

Ҳамин тавр оид ба масъалаи мазкур тамоми шахсони ватандӯсте, ки барояшон ҳар як ваҷаб хоки Ватан азиз аст, сару садо баланд намуданд ва аз тасмими Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сафари кориашон ба Ворух истиқболу ситоиш намуданд. Дар ҳақиқат иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат ҷиҳати сафари корӣ ба Ворух тамоми сокинони кишварро рӯҳбаланд намуда, ҷасорату ғурури миллиро дар вуҷуди ҳар як шаҳрванд даҳчанд афзуд. Садои миллати тоҷик боз ҳам баландтар гардид ва садои чанд нафари иғвоангез аз Қирғизистон пасттар.

Ворухе, ки ба марзи номуси ҳар яки мо тоҷикони бонангу ор табдил ёфтааст моро мебояд ба ин масъалаи номусӣ бояд атрофи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид шуда, ватанамонро соҳибӣ кунем!

Ба Тоҷикистон ягон порчаи замини дигар мамлакат лозим не ва инчунин як порча ҳам замини худро бе ҳеҷ кас намедиҳем!

Қаюмов Ф.Ғ. – дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like