Терроризм ва экстромизм – падидаҳои номатлуб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки тероризм ватан, мазҳаб ва миллат надорад. Ин ҷараёни хавфнокро вабои аср номида, дар паёми навбатии худ бори дигар ёдовар шудаанд, ки “Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои – тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремисту террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.”

Дар ҳақиқат мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм ва терроризм мебошад.

Аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида барои ба ҳадафҳои  сиёсӣ расидан шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст.

Маҳз чунин роҳро барои расидан ба мақсадҳои худ ТЭТ ҲНИ пеша намудааст, ки амали террористии онҳо дар моҳи сентябри соли 2015, сафарбар намудани ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ, тақсими яроқ ба мардум ва ҳаммаслакони худ гувоҳи аз террористии онҳо мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ низ мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Онҳо мехоҳанд бо роҳи зуроварӣ ва ғайриқонунӣ мардумро ба митинг ва бетартибиҳо даъват намуда, ба воситаи онҳо табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд. Баҳри амалӣ намудани ин ниятҳои нопокашон бошад онҳо аз номи поки Ислом истифода мебаранд ва ҳатто омодаанд муқаррароти Қуръони маҷидро тағйир диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, онро ҳамчун омилҳои  тағйирнопазир донистааст, ки тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

Вобаста ба ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ин хоинони миллатро хуб шиносем ва аз мақсаду мароми гурӯҳҳои онҳо огоҳ бошем. Ҳеҷ гоҳ ба суханҳои иғвоангезонаи онҳо бовар накунем.

Қобилов Б.Қ. –муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

You might also like