Ҳеҷ кас бесабаб ба ҷавобгарӣ кашида намешавад
Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки рӯз то рӯз бо азму иродаи қавӣ ва ҷаҳду талошҳои роҳбарияти олии мамлакат хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон рӯ ба рушд ниҳода, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастовард, навгонӣ, пешрафт ва рушду инкишофи ҳамешагӣ ба чашм мерасанд.
Вале, то ҳол дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба чунин пешрафт ва тинҷиву оромии диёр шукр накарда, барои маблағ ба гумроҳ намудани мардум машғул мебошанд. Ин гуна шахсон бо ҳар роҳу восита мардумро фиреб намуда, мехоҳанд фазои ороми ҷомеаро нотинҷ созанд ва барои маблағ омодаанд зидди миллат ва Ватани худ хоинӣ кунанд.
Дар давраи ҷаҳонишавӣ, ки тамоми дунёро маълумотҳои электронӣ фаро гирифта шуда, маълумотҳои мазкур аввал ва охир надоранд. Яъне ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.
М.Кабирӣ, М.Садриддин ва ҳаммаслакони онҳо аз зумраи чунин иғвоангезон мебошанд, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардуми Тоҷикистонро зидди сиёсати давлатӣ равона намоянд.
Ин навбат санаи 23 июни соли равон аз ҷониби ин гуна бадхоҳони миллат филми кӯтоҳмуддате бо номи “гурез аз биҳишт” дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуданд, ки ягон асоси воқеӣ надошта пур аз дурӯғу сафсата мебошад.
Мувофиқи филми мазкур гӯё дар Тоҷикистон қонун вуҷуд надошта бошаду ҳоло ҳам ҳамчун солҳои наваддум бетартибӣ бошад.
Албатта ҳеҷ як нафар дар Тоҷикистон бе ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Ҳамаи ин қаҳрамонҳои филме, ки инҷо худро бегуноҳ мегиранд ва давлатро айбдор медонанд, дар асл суханҳои бофтаи бардурӯғ мезананд. Танҳо аз худ мусичаи бегуноҳ месозанд. Вале, ин шайтонони одамсиришт чунон моҳирона сухани дурӯғро мегӯянд, ки аксарияти одамон бовар мекунанд. Дар асл ҳақиқати ҳол он аст, ки гуноҳҳои ин хоинон сад дар сад исбот шудааст ва ҷойи ягон баҳс нест.
Беҳуда намегӯянд, ки “агар дар ҳаёти худ шахси гунаҳкорро дидан хоҳӣ, пас оинаро гир ва ба он нигаҳ кун”. Вобаста ба ин, тамоми бадбахтиҳое, ки ба сари инҳо омадааст худ гунаҳкор мебошанд. Зеро ин ватанфурӯшон танҳо мехоҳанд баъзе аз шахсони зудбоварро барои расидан ба мақсадҳои худ истифода баранд тамом.
Ин иғвоангезони ватанфурӯш бо пахши чунин барномаҳо танҳо мехоҳанд моро ба гумроҳӣ баранд. Мақсади асосии онҳо ҷалб намудани Тоҷикистон боз ба ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, баъди ба ҷанг кашидани Тоҷикистон мехоҳанд бо истифода аз вазъият мақсадҳои нопоки худ аз ҷумла ба савдои одамон, яроқ ва маводи мухаддир машғул шаванд.
Мо худ шоҳид ҳастем, ки аксарияти шаҳрвандони дар ин роҳ раҳгумзада аз ҷониби давлату ҳукуматамон таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуданд. Вале баъзе нафароне, ки то ҳол аз роҳи хиёнат ба Ватани худ даст накашида, дар хориҷи кишвар ҳоло ҳам зидди Тоҷикистон ҳар гуна суханҳо паҳн менамоянд бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин хоинон ба ғазаби халқ гирифтор хоҳанд шуд.
Вобаста ба ин, ҳамаи мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки новобаста дар ҷойи қарордоштаамон, хоҳ дар дохили Ватан ва хоҳ дар хориҷи он бояд ҳамеша дар фикри пешрафт ва ободии Тоҷикистони азиз бошем ва ҳаргиз ба суханҳои иғвоангезонаи онҳо фирефта нашавем.
Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ