Паймони миллии Тоҷикистон – иттиҳоди террориству экстремистӣ
Дар таърихи тӯлониву бостонии мардуми тоҷик дар радифи давронҳои пурошӯбу ноором давраҳои осоишу созандагӣ низ буданд, ки намунаи барҷастаи он аҳди Сомониён аст. Нахустамирони сомонӣ ва бахусус Амир Исмоили Сомонӣ бо хирадмандиву сулҳгироии хеш тавонистанд дар сарзамини паҳновари худ сулҳу осоишро барқарор намуда ба созандагӣ пардозанд.
Истиқлолияти Тоҷикистон пас аз фурӯпошии давлати абарқудрати Шӯравӣ ва истиқрори сулҳ пас аз даргириҳову низоъҳои дохилӣ дар Тоҷикистон, ки бо саъю кӯшиши мардуми тоҷик, миёнҷигарии кишварҳои дӯсту созмонҳои байналмилалӣ, бахусус бо азму суботи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – сарвари донову тавоно дар муддати кӯтоҳе барқарор гардид, ҳамон даврони Сомониёнро ба хотир меорад.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳанпарвар ва созанда мебошад”.
Вале, баробари дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки ба ҳамаи ин пешравиҳо ношукри намуда, ба давлату миллати худ хиёнат менамоянд. Яке аз чунин нафарон ин Муҳддин Кабирӣ мебошад, ки бар ивази маблағ ба халқу ватани хеш хоинӣ кардааст.
Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ӯ ва ҳаммаслаконаш ташкил шудааст иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардида, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Чунин ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо ба ҷомеаи солими ҷумҳурӣ то ҳол таъсири манфии худро расонида истодаат, ки несту нобуд кардани чунин ташкилотҳо яке аз масъалаҳои асосӣ ва ташвишовар дар арсаи байналмилалӣ боқӣ монда истодааст.
Дар ҳоле, ки дар сари ин паймон шахси хиёнаткори миллати тоҷик истодааст ва бар замми хиёнат боз чандин корҳои ташвиқотии иғвоангез ва нафратовари худро бо дастгрии хочагони хориҷиаш ҳама вақт хоста истодааст, ки амалӣ намояд. Фикр мекунад, ки мардуми тоҷик бесавод аст ва наметавонад идеологияи худро муайян кард. Мо аз таърих хуб медонем, ки ин ташкилоти лаънатзада дар солҳои 90-уми асри гузашта чи ташвишеро ба сари мардум овард. Ҳамаи ин ҳолатҳои аз саргузаштаро мардуми тоҷик имрўз хуб дарк карда, мақсади ғаразноки ТЭТ ҲНИ-ро ҳанўз медонад. Бо воситаи паймонаш, бо воситаи ташкилоти пурфасодаш ва бо дастгирии хоҷагони хориҷиаш хоста истодааст, ки мақсадҳои худбинонаи манфурашро амалӣ созад. Вале ҳеҷ гоҳ не! Мо мардуми шарафманди тоҷик барои чи дидаю дониста ба ин шахсони аз ҳайвони вахшӣ бадтар бовар кунем. Оид ба кирдорҳои ТЭТ ҲНИ ва зарару зиёнҳои расонидаи онҳо бисёр сухан гуфтан мумкин. Хандаовар аст, ки оид ба маориф тандурустӣ, фаъолияти гумрукӣ, иқтисоди миллӣ ва дигарҳо, ки функсияҳои кишвари мо мебошад, сухан гуфтаанду навиштанд. Корҳои идоракунии давлатиро таҳлил намудани шахси ғайр ин барои мо ҳолати нафратовар аст. Зеро мо бе маслиҳат ва ёрии ягон кас далатро идора мекунем…
Агар аз диди таҳлил нигарем иттиҳодяиҳои ё гуруҳҳои сиёсии динӣ ё гуруҳҳои ифротгароии динӣ, дар асл инҳо иттиҳодияҳои дини нестанд, балки он гуруҳҳое ҳастанд, ки динро ҳамчун воситаи сиёсат, воситаи расидан ба қудрат ё воситаи муозираи сиёси истифода мекунанд. Пурра несту нобут сохтани фаъолияти иттиҳодияҳои динии ифротгаро ё ҳизбҳои сиёсии дингаро яке аз ҳадафҳои асосии амниятӣ миллӣ мебошад, ки то имрўз дар ин партав корҳои зиёде ба иҷро расонида шуда истодааст.
Мо тоҷикистониён аз чунин давлати дорои сулҳу Ваҳдат, дорои Пешвои оқилу доно ва шароити зиндагии арзанда ифтихор мекунем. Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки чунин хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ расанд.
Абдувоҳидов М. Р. – котиб коргузори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ