Таҳлилҳои кур-куронаи Кабирӣ
Аз 16 то 27 сентябр дар шаҳри Варшава машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо иштироки қариб 60 давлат доир гардид.
Бо наздик шудани машварати навбатии солона таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ ва иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ ба иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ афзоиш ёфт.
Ҳарчанд Кабирии ҳайвонсиришт ва лагандбардорону косалесонаш аз саҳифаҳои иҷтимоӣ гиряву нола намоянд, ҳам вале аз гуфтаи иштирокдорони ҷониби Тоҷикистон муайян гардид, ки дар кори конфронси Варшава масъалаи музокираи ҳайати кишвари мо бо мухолифин умуман матраҳ нагардидааст. Балки дар конфронси САҲА, ки ҳайатҳои расмии 56 кишвар иштирок менамоянд, иштирокдорони ватанӣ мавқеи Тоҷикистонро тибқи мавзӯъҳои рӯзномаи конфронс муаррифӣ ва дифоъ намудаанд.
Агар ба ҷониби дигари масъала нигарем, тасаввуроти Кабирии ва дигар кунбардорони ӯ дар Аврупо зери пойи хоҷагонашон ғел задаву талош доранд худро ҳарифи давлати Тоҷикистон матраҳ кунанд, дар бораи давлати мо бисёр кӯҳна ва ғайривоқеӣ мебошад, ки ин бисёр ҳам хандаовар ва ҳам сазои лаънат хондан аст. Зеро, ки таърихи навин гувоҳ аст давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дигар на давлати соли 1992 ва ҳатто на давлати соли 2015, балки давлатест, ки бо бунёди иқтисоди сабз тамоми минтақаи Осиёро таккон бахшид. Онҳо тасаввур карда натавониста истодаанд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, диди сохторию идорӣ, иқтисодӣ, қудратӣ ва ҳам аз назари зарфияти зеҳнӣ бисёр қавитар аз пеш аст. Давлати мо машғули корҳои бузургтар аз ин аст. Машғули ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва миллатсозӣ. Давлат таърихи навини миллатро месозад. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амалие нест. Фақат аз назари иттилоотӣ ба ин фазо халал меораду аз назари шаҳрвандӣ хиҷолат боқӣ мегузорад…
Давлат имрӯз ҳатто касонеро, ки аз Сурия ва Ироқ, аз ҷабҳаҳои ҷанги террористӣ ба ихтиёри худ баргаштаанд, авф кардааст. То имрӯз қариб 200 нафар аз ин роҳ бо ихтиёри худ баргаштаанд. Бо ин мақсад ҳатто дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳот ворид шудааст, ки бозгаштагон ба тариқи содакардашуда авф мешаванд.
Аз эътирозу таҳлилҳои кур-куронаи Кабирӣ ва косалесонаш маълум аст, ки иқтидори маънавиашон бисёр заиф ва бемантиқ аст, ки инро дар баромадҳои эшон метавон пай бурд.
Мумкин айни ҳол дар фазои иттилоотӣ хоинон машҳур бошанд, бо дурӯғу дашному ҳақоратҳои худ шинохта шуда бошанд. Аммо, онҳо ҳаргиз дар он фазо маҳбуб, мақбул ва таъсиргузор нестанд, хусусан дар фазои дохилии мамлакат. Мардуми мо дигар ба суханбозиҳои онҳо бовар намекунад. Дину мазҳаб ва озодиву демократия барои онҳо ниқоб ба ҳисоб меравад.
Нест бод ифродгароёни бесаводу ватанфурӯш ва хоину кафангадо!!!
Шамсиев Ф.К. – н.и.и., сармуаллими
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ