Каҷнигарии ҳамешагӣ

Санаи 22-юми майи соли 2021 бахшида ба рўзи ҷавонон вохўрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ин қишри тақдирсози миллат баргузор гардид. Дар ин вохўрӣ ҷавононе, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият мабаранд иштирок доштанд. Ин вохўрӣ аз ҷониби мардуми кишвар ва хусусан ҷавонон бо як рўҳбаланди мавриди пазириш қарор гирифт.

Аммо чун ҳамешагӣ нерўҳои мухолифи берун аз кишвар буда, бо ҳангомасозӣ ва манфинигарии хеш ба интиқоди паҳлўҳои гуногуни ин вохўрӣ пардохтанд. Дастгоҳи интиқодӣ ва қаҷнигарии онҳо ба кор шуруъ намуд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо дар ҳама ҷо айб меҷўянд ва дар ҳама чӣ нуқсону камбуд мекобанд. Бо манфинигарии хеш ба ин ва ё он падида ҷиҳати бадӣ мебахшанд ва мехоҳанд эътимоду боварии ҷавононро ба низоми идорӣ кам намоянд. Аммо ҷавонони кишвар имрўз дарк намуда истодаанд, ки тадриҷан фазои мусоиди таҳсил ва илмомўзӣ барои онҳо фароҳам мегардад.

Албатта дар шароити имрўза низоми идории кишвар мушкилиҳои мухталифе ки ҷавонон дучори онанд ба ҳеҷ ваҷҳ инкор намекунад ва даъвои онро надорад, ки зиндагии ҳамаи ҷавонони мо хубу олӣ аст. Аммо ба ҳар сурат нафари баҳогузор ба вазъи имрўзаи ҷавонони кишварро зарур аст, ки муқоисаи ҳолати солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва шароити имрўзаро мадди назар гирифта бошад. Воқеан, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазъи таҳсилӣ ва фаъолияти ҷавони кишвар хеле нигароникунанда буд. Ҳатто барои ҷавонои кишвар дар он замон шароитҳои оддии фаъолият ва тавонбахшӣ вуҷуд надошт. Нерўҳои дар хориҷ буда, хусусан намояндагони ТЭТ ҲНИ бояд дар хотир дошта бошанд, ки чи гуна бо «шарофат»-и онҳо ҷавонони солҳои 90-ум аз имкониятҳои тавонбахшӣ дар канор монданд ва қурбонии кашмакашиҳои сиёсии он замон гаштанд. Дар фарқият аз он замонҳо шароити имрўзаи ҷавонони кишвар хеле беҳтар аст. Дар солҳои охир дар шароити Тоҷикистон имконияти омўхтани забонҳои мухталифи хориҷӣ, касбомўзӣ ва ҳунаромўзӣ, омода шудан барои таҳсил дар муассисаҳои хориҷи кишвар фароҳам шудааст. Базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи кишвар низ рўз аз рўз беҳтар мегардад. Хусусан баргузории озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявии «Фуруѓи субҳи доноӣ» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман» аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар дар самти тавонбахшии ҷавонон дарак медиҳад. Имрўз барои ҷавонон на танҳо имкони таҳсил дар кишвар балки берун аз он низ фароҳам карда шудааст, ки аз дастгирии ҷавонон дарак медиҳад. Ба андешаи мухолифон дар ин сурат муносибати ҷавонони мо ба низоми идорӣ бояд чи гуна бошад? Албатта дар сурате, ки амнияту оромӣ дар ҷамъият таъмин аст ва таваҷҷуҳи хоса ба ҷавонон карда мешавад онҳо низ бо камоли эҳтиром ва қадрдонӣ ба роҳбарияти кишвар муносибат мекунанд.

Дар мавриди ба шукру қаноат, илмомўзӣ ва фаъол будан даъват намудани ҷавонони кишвар аз ҷониби сарвари давлат як ҷиҳатро зикр намуданӣ ҳастем, ки даъват ба созандагӣ ҳамешагӣ ҳадафи асосии ҳамагуна низомҳои идорӣ аст. Кадом нерўе, ки дар садри як кишвар қарор надошта бошад, ҳатман даъвати созандагӣ ба аҳолии хеш мекунад то заминаи хуби рушди ҷомеа фароҳам гардад.

Мухолифони дар хориҷ буда суханронии ҷавонон дар ин вохўриро низ ба интиқод кашидаанд. Эҳтироми ҷавонон аз сарвари хеш қаҳри онҳоро ба миён овардааст. Аммо он ҷиҳатро ба инобат гирифтан зарур аст, ки эҳтиром ба сарвари хеш дар меъёрҳои этикии тамоми халқҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар кишварҳои аврупоӣ низ ҳангоми муроҷиат кардан ба сарварон ва роҳбарони зинаҳои баланди давлатӣ муаддабона сухан мекунанд. Баъзан ҳолат кас ба андешае фурў меравад, ки нерўҳои мухолифи дар хориҷ аз кишвар буда, ки даъвои исломӣ будан мекунанд чаро дур аз ахлоқ амал мекунанд. Ба ҳар як нуқта нуқс меҷўянд ва кори онҳо танҳо танқиди дигарон асту бас. Беҳтар аст ба ислоҳи хеш пардозанд ва ҳаноми ангушти ишорат нишон додан ба дигарон ба он таваҷҷуҳ намоянд, ки бо се ангушти худ тарафи худ низ ишорат мекунанд.

Солеҳӣ Ш. – муаллими калони

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like