Тобанда бод, нури истиқлоли миллат

Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон, арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихори худ ва муқаддасоти миллӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес

ва сиёсати Тоҷикистон

давоми моҳҳои июн-августи соли 2021

озмуни донишгоҳиро дар байни кормандону омўзгорон

дар мавзўи «Тобанда бод, нури истиқлоли миллат»

аз рўи номинатсияҳои зерин эълон менамояд:

  • мақолаи илмӣ-оммавии беҳтарин;
  • шеъри беҳтарин;
  • очерки беҳтарин.

Ғолибони озмун дар арафаи ҷашнгирии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳодатнома ва мукофоти пулӣ дар андозаи зерин сарфароз гардонида мешаванд:

  • барои ишғоли ҷойи якум 2000 сомонӣ;
  • барои ишғоли ҷойи дуюм 1500 сомонӣ;
  • барои ишғоли ҷойи сеюм 1000 сомонӣ.

Мақолаву очерк ва шеърҳои омодагардида то санаи 25 августи соли 2021 қабул карда мешаванд. Барои гирифтани маълумот оид ба масъалаҳои иштирок дар озмун ва пешниҳоди мавод ба Зокиров Ш.У. (бинои таълимии 1, утоқи 204, телефон 92-835-65-66, E-mail: zokirov.sh@yandex.ru) муроҷиат намоед.

 Комиссияи озмунӣ

 

You might also like