Саги наҳзатӣ
Аз моҳи сентябри сли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби террористиву экстремистии Наҳзати ислом ғайриқонунӣ эълон гардид. ТЭТ ҲНИ зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, ки онҳо ҷинояткорне ҳастанд, ки дар ҳамдастӣ ҳамкорони наҳзатиашон пайваста ҷиноятҳои зиди мардумӣ содир мекунад. Амалҳояш ба одамон хатари марг ба миён меоварада, бо мақсади худ бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, расонидани таъсир аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Барои ба ҳадафҳои худ расидан аз шабакаҳои интернетӣ ба ғайр аз дурўғу туҳмат ва ивғоангезию душмантарошӣ чизи дигареро интизор шудан мумкин нест. Ин созмони ифротиӣ барои расидан ба мақсадҳои худ ба тамоми воқеаҳо ва рўйдодҳои кишварамон дахл мекунад ва аз фурсад истифода бурда Хукумат ва давлати Тоҷикистонро сиёҳ мекунанд.
Тазаккур бояд дод, ки пайравони бадарғаву мазлуми ТТЭ ҲНИ ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд мардумро гумроҳ карда дар байни онҳо таблиғоти ифротгароёнаи ҳудро густариш диҳанд ва ба барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода барад. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли ҷомеаро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти худро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ равона месозанд, ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шавад, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст занад, супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Хурсандиовар аст, ки аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дар чанд қисм таҳия гардид ки, ба тамоми ин наворҳоро аз телевизион ба мардуми тоҷик ва дар донишгоҳо донишҷуён тамошо карданд, ки ҳамагон маълум гардид симои аслии ҷонибдорони ҲНИ – ро ошкор сохт, ки маҳз сарварони ин ҳизби ҳиёнаткор сабабгори аслии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буданд. Қисми ҳафтуми филми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” маҳз ба амалҳои номатлуб ва тақдири талху шармандавори Муҳаммадиқболи Садриддин бахшида шуд буд, ки, ки зимни тамошои филм маълум гардид, ки ӯ тарбияи носолим дошт ва дар замони ҷанги шаҳрвандии кишвар дар Афғонистон қарор дошт. Падари ӯ Қаландари Садриддин яке аз ҷонибдорони фаъоли ҲНИ ба ҳисоб рафта, бештари умри худро бо фиреби мардуми бегуноҳ сарф намудааст. Аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” маълум гардид, ки давраи ҷавонии Муҳаммадиқболи Садриддин дар ғуломӣ гузаштааст. Қумондон Ғулом ном шахс дар Афғонистон ӯро ҳамчун ғуломи ҳалқабардӯш истифода кардааст. Аз маълумотҳои шоҳидони амалҳои ӯ Ҳошим валади Маҳмуд, Шукур валади Муҳаммадсарвар, Саидҷалол Сиёҳаков ва дигарон маълум гардид, ки Муҳаммадиқбол либосҳои духтарона аз бар намуда, дар лаҳзаҳои дамгирӣ барои дилхушии Қумондон Ғулом ва ҳаммаслаконаш рақс мекардааст. Дар дигар ҳолатҳо нисбати ӯ амалҳои шаҳвонӣ ва ғайри инсониро раво медидаанд.
Аз тамошои ин филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” бояд дарк намуд, ки халқи тоҷикстон ва пеш аз ҳама ҷавонони имрўза зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадри неъматҳои истиқлолияту давлатдории миллӣ расан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намуда, масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ бошанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони имрўза боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм соҳиби мавқеи устувор дошта, дар ин замина бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории густурда дорад. Дар кишвари мо бо иқдоми шоистаи Сарвари давлат имрўз барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини баробарҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Маҳз, дар даврони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳиби дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардиданд ва ба комёбиҳои бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ ноил гардид: сатҳи худшиносии мардум боло рафт, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, табодули фарҳангу ақидаҳо, андешаи созандагӣ ҷузъи таркибии андешаи миллӣ қарор гирифт.
Бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифроди, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.
Мо бояд аз ин воқиф бошем ва ба фитнаҷўиву тахрибкорӣ дар ҷомеа роҳ надиҳем. Зеро сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо аз ҳама афзалтаранд.
Ҳодисаҳои рўйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Маҳз ҳамин таъкиднамоии Сарвари давлат буд, ки имрўз дар фазои кишвари мо сулҳу суббот ҳукмронаст.
Бабаев Ҳ.С. – н.и.и., дотсенти
кафераи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ