Ворух – қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Ворух изҳор намуданд, ки масъалаи иваз кардани Ворух ҳеҷ вақт набуд ва нахохад буд. Сарвари давлат аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ба гапҳое, ки дар расонаҳо чоп шудаанд, бовар накунанд. “Мо ҳаргиз хоки Ватанро ба касе намедиҳем. Хоки Тоҷикистон барои мо мукаддас аст. Мо минбаъд ба рушди Ворух кор хоҳем кард.
Мутаассифона, муноқишаи байни ду кишвар Тоҷикистону Кирғизистон то ҳол идома дорад. Тариқи расонаҳои хабарии электронӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногуну баҳсбарангези ҷониби Қирғизистон доир ба анклав будани Ворух ва ба ҳудуди Қирғизистон тааллуқ доштани он, пахш гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои сар задани нофаҳмиҳо ашхоси алоҳида даст доранд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Азбаски 472 километри дигар то ҳол номуайян аст, сари ҳар вақт бо сабабҳои мухталиф муноқишаҳо дар минтақаҳои марзии ин 2 кишвар сар мезанад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо аз оғози соли 2019 дар сарҳади ҳамсоякишварҳо ҳудуди 10 низои марзӣ ба амал омадааст, ки бо марги чанд нафар аз сокинони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон анҷомид.
Хеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки Ворух як порчаи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Боиси таассуф аст, ки бо ҷой доштани нофаҳмии солҳои пешинин деҳоти дурдасти Тоҷикистон ба макони нофаҳмиву ҷидол ва бадбинӣ мубаддал гардидааст. Акнун бошандагони Ҷумҳурии Қиргизистон бар сари мардуми осоиштаи тоҷик зӯру тавони худро нишон додан меҳоҳад. Шояд онҳо дарк накардаанд, ки миллати тоҷик замини аҷдодии худро зери ҳимоя гирифтааст. Ин ҳама нофаҳмиро бояд сари вақт зери назорат гирифт, зеро сокинони осоишта ба хотири химояи марзу буми хеш захмдидаву ҷароҳатбардошта истодаанд. Бо як сухан ва ё навиштан бахси чандинсола дар як муддат ҳаллу фасл нахоҳад шуд, зеро дар ин чода танҳо солимфикрӣ кӯмак карда метавонад. Маҳз шаҳрвандони қирғизистон то ҳол дарк накардаанд, ки деҳаи дурдасти Ворух ин замини аҷдодии тоҷикону тоҷикистониён аст.
Боиси зикр аст, ки Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Хитой ҳамсарҳад мебошад. Мушкилиҳои марзӣ бо ин кишварҳо қариб, ки вуҷуд надоранд. Барои чӣ бошад, ки қирғизҳо моро нодида гирифта истодаанд.
Аз оғоз Тоҷикистон ҷониби сулҳу оромиш ва таҳкими дӯстӣ дар минтақа ҳаст ва аҳдномаҳо аз тарафи кишвари мо вайрон нашудааст. Баръакс, аз таҳаммулпазирии ҷониби Тоҷикистон истифода намуда, ҳатто бо дахолати мақомоти қудратии кишвари ҳамсоя ҳуҷумҳои мусаллаҳона ба аҳолии осоишта дар чандин минтақаи марзии мамлакати мо анҷом шуд, ки дар натиҷа чандин нафар шаҳрвандон кушта шудаву зарари ҷисмонии зиёд ба аҳолӣ расид.
Кирдорҳои бад ва ҳадафи гуруҳи алохидаи ашхоси манфиатчуи қирғизро худи сокинонаш нодида гирифта истодаанд. Оқибати ин ҳама моҷарову нофаҳмиҳо натиҷае нахохад дод, зеро Ворух сарзамини тоҷикон буду хаст ва инро ягон нафар наметавонад инкор кунад. Ба мардуми қирғиз муроҷиат карда гуфтаниам, ки замоне фаро расидааст, ки ақли солимро пеша карда, аз моҷароҷӯиҳои беасосу бемантиқ даст кашанд ва ба зиндагии осудаҳолонаи сокинони Ворух халал эҷод накунанд.
Раҳматова З.М. – дотсенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ