Хулосабарориҳои ғаразноки наҳзат
Муқоисаи Ҳукумат ба мухолифин ки дар мақолаи Бобоҷон Қаюмов дида шуд ба андешаи мо комилан бемаврид, хато, беасос, ва кори гумроҳона ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки Бобоҷон Қаюмов фақат ва фақат ҷиҳатҳои гўё “манфии” ҳукуматро тавсифу таъриф намудааст. Агар мо аз нигоҳи таъриху оморӣ нигарем, дар тули соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз соли 1991 инҷониб мухолифин бо ҳар гуна роҳу восита мехостанд дар дилу ботини мардуми сарбаланди Тоҷикистон фикру идеяҳои бад нисбати системаи давлатдории демократӣ андозанд. Натиҷаи ин кирдори пасти мухолифин ҳам ҷанги бародаркуши шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳодисаҳои ба ҳама маълуми моҳи сентябри Ҳоҷӣ Ҳалим соли 2015 ва ба ҳамин монанд ҳарзагўиҳои душманонаю хоинона нисбати давлати азизи мо аст.
Бояд донист, ки дар тафовут аз ҳарзагуию туҳматҳои хоинон, ки ягон натиҷаи мусбӣ надоранд ба ғайр аз андохтани кинаву адоват, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола саъю кушиш дорад, то ватани азизу маҳбуби мо гул-гул шукуфояд. Аз ҷумла дар амал татбиқ намудани функсияҳои давлат, ки дар моддаи 1-и Конститусияи ҶТ омадааст: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ 4 ҳадафи стратегӣ гузошта аст: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунони мамлакат ва дар тули фаъолияти худ зина ба зина бо роҳҳои гуногун ва тарзу воситаҳои мақсаднок алалхусус сохтани НБО-ҳои хурду калон, истифодаи самароноки заминҳо баҳри бо маводи озуқа таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва ғайра шароити зиндагии мардумро беҳтар гардонида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи 4-уми стратегиро низ Ҳукумати тасдиқ намуд, ки он ном дорад саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳадаф ба мо имкон медиҳад, то ҷойҳои нави корӣ пайдо шавад, маоши мардум, нафақаи пиронсолон зиёдтару хубтар шавад.
Қобили қайд аст, ки аз тарафи бархе аз сомонаҳои иҷтимоӣ шаҳри Душанберо ба қатори панҷгонаи шаҳрҳои амнтарин ва бехатар барои сайру гашт эътироф шудааст.
Оиди дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчӣ гуфта гузарем ҳам кам аст ва мо аз гуфтаҳои боло натиҷабардорӣ ва хулосабарорӣ намуда, гуфта метавонем, ки мухолифин фақат ва фақат баҳри кинаандозӣ ва паҳн намудани тўҳмат ва нодидагирифтани дастовардҳои 30-солаи Ҳукумати ҶТ фаъолият мебаранд.
Раҳматова З.М. – н.и.ҳ, дотсенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ