Ваҳдату якдилӣ мояи шукуфоист!
Мо, халқи тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони ҳастем. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.
Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.
Қаламрави давлат ҳудуде мебошад, ки дар он давлат ҳамчун ташкилоти мустақили ҳокимияти сиёсӣ фаъолият менамояд. Он дар тамоми қаламрави худ дорои ҳокимияти соҳибихтиёр мебошад. Конститутсия халалдоршавии тамомияти арзии давлатро қатъиян манъ намудааст.
Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ба воҳиди марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, дар асоси муқаррароти Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маркази маъмурӣ – маҳалли аҳолинишин, ки дар он мақомоти идоракунандаи ҳокимияти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир шудаанд.
Тақсимнопазарӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлат яке аз унсурҳои асосии бехатарии давлат буда, ҳифз ва таъмини онҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат аст. Тамомият ва дахлнопазирии ҳудуди давлат тавассути татбиқи сиёсати давлатии ягона дар ин самт, қабул ва амалӣ сохтани барномаҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлатӣ, маҷмӯи чорабиниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, сиёсӣ, сохторӣ ва ғайра, рафъи таҳдидҳои воқеӣ ба манфиатҳои муҳими шахсият, ҷомеа ва давлат таъмин карда мешавад. Тақсимнопазирӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлат бо соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии он робитаи ҷудоинопазир дорад. Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқии он бо ду роҳ сурат мегирад: чораандешиҳои дохилидавлатӣ ва аз тариқи пайвастани Тоҷикистон ба як силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ.
Қаламрави давлат фазои мавҷудияти он аст, ки дар он аҳолӣ зиндагӣ мекунад, барои ташаккул ва рушди иқтисоди ҷомеа заминаҳо мавҷуд буда, соҳибистиқлолӣ тавсеа меёбад. Таъмин кардани соҳибистиқлолии давлат аз таъсири давлатҳои дигар ҳангоми амалисозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат ва инчунин тамомияти арзии он меандешад. Ин чунин маънӣ дорад, ки давлат набояд ба тақсими қаламрави Тоҷикистон аз ҳар ҷонибе, ки сар назада бошад, роҳ диҳад.
Ворух-марзи нангу номус ва ватандорист, зеро ҳар як шахси дорои нангу номуснамегузорад, ки ба сарзамини он шахси бегона ва душман ворид гардад. Барои ҳифзи Ватан ва барои таъмини амнияти миллӣ имрўз ҷавонписарон – сарбозон шабурўз дар хизмати Модар -ватан ҳастанд. Ҳар як ваҷаб хоки сарзамини Тоҷикистони азиз ба касе дода намешавад ва наҳоҳад шуд.
Дар замони навини таърихи инсоният рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ-экстремистии байналмилилалӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст. Масоҳати фаъолияти ин гуна ташкилотҳо рўз ба рўз ҳудуди кишварҳои алоҳидаро фаро гирифтааст ва хусусияти фаромилӣ ва глобалиро касб намуда истодааст.
Маъмулан, хатари ин зуҳуроти номатлуби замони муосир боиси аз байн бурдани истиқлолияти давлатҳои алоҳида гардидааст ва сабаби сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ, муноқишаҳои мазҳабӣ гардидааст. Бар асари муноқишаҳои мусаллаҳонаи гурўҳҳои террористӣ ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра зери хавфу хатар монда, ҳазорҳо нафар одами бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд.
Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асоснок мегардад: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
ТТЭ ҲНИ дар масъалаи сарҳади давлатӣ бо ҶҚ мавқеи хоинонаро ишғол намуда, бесаводии наҳзатӣ аз ҷуғрофия бехабар будагиашро низ иботи воқеӣ карда истодааст.
Тавре таҷриба шаҳодат медиҳад, аз амалҳои ҲНИ бармеояд, ки мақсаду мароми он дар байни мардум тафриқа андўхтанд, халалдор шудани зиндагии осоишта гумроҳ кардани мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар ҳақиқат онҳо Ворух он тараф истад, тамоми Тоҷикистонро ба аҷнабиҳо мефурушанд.
Самадов Б. О. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи
ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ