Ваъдаҳои бардурӯғи Иқболбӣ сари як ҷавони тоҷикро хӯрд
Фирефташавӣ ба ҳама гуна ваъдаҳои фиребгарона ва ғаразноконаи аъзоёни ташкилоти террористиву экстремистии собиқ ҳизби наҳзат худ қурбонист. Алҳол гарчанд ҷомеаи мо тавассути ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи сарвари мамлакатамон ҳаёти пурбарор гузаронида истодааст, аммо дар он баъзе нафароне низ ҳастанд, ки ба ин фазои орому шароити хуб ба ҷои шукргузорӣ ба фиребу ваъдаҳои аъзоён ва лагандбардорони собиқ ТЭТ ҲНИ афтода, ба ҳама гуна кирдорҳои номатлуб даст мезананд, ки дар натиҷа ҳам худ ва ҳам аъзоёни оилаи худро ба рӯзҳои мудҳиш рӯ ба рӯ меcозанд. Ба сифати чунин шахсон имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи поён”-и шаҳри Кӯлоб Маҳмадсодиқ Саидовро овардан мумкин аст.
Маҳмадсодиқ Саидов маҳз барои ҳамкорӣ бо мудири сомонаи экстремистӣ эълоншудаи «Ислоҳ.нет» дастгир шудааст. Далелҳои дастрасшуда дурӯғ будани даъвои Муҳаммадиқболи Садриддинро оиди гӯё ки ин домуллоро намешиносад равшан карданд. Бо ҳамин далел нибат ба ин имомхатиб бо гумони ташкили фаъолияти ифротгароӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бо такя ба маълумоти мавҷуда, ба ин ишора кардан мумкин аст, ки сабаби боздошти имомхатиб ҳамкорӣ бо Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ ва махсусан иртиботу ҳамкории ӯ бо масъули сомонаи экстремистӣ эълоншудаи «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи Садриддин будааст. Хутбаҳои намози ҷумъаро маҳз ҳамин имомхатиб ба мудири «Ислоҳ.нет» дастрас кардааст.
Бо ба ҳисоб гирифтани маълумотҳои дастрасшуда, нисбати шахси қайдшуда парвандаи ҷиноятӣ мувофиқи банди 3 қисми 2 моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд ва то ҳол низ тафтишот идома дорад.
Имомхатиби мазкур дар гумон барои ҳамкорӣ бо мудири сомонаи экстремистӣ эълоншудаи «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи Садриддин, ки лагандбардори роҳбари собиқ ТЭТ ҲНИ Кабирист, дастгир шудааст. Бояд гуфт, ки ҳангоми таҳлили мундариҷаи маълумоти дар сомона қайд шуда назар андозем пас, маълум мегардад, ки дар омода ва нашри он низ ба сарчашмаи расмии Маркази матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя гардидадааст.
Бо мақсади бозҳам саҳеҳан равшанӣ андохтан ба масъалаи зикршуда, ҳангоми таҳлили сомонаи бо ном “Озодӣ” ва инчунин суханони Хуршеди Атовулло (роҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон) 2-юми марти соли ҷорӣ бо таҳлили сӯҳбати мудири сомонаи «Ислоҳ.нет» маълум карда шуд, ки гарчанд Муҳаммадиқболи Садриддин бо имомхатиб ҳамкорӣ дошта, аз ин ҳамкорӣ суханҳои сӯҳбатонаи онҳо тавассути месенҷер низ ҳангоми дастгиршавии имомхатиб аз телефони мобилии ӯ дарёфт шудааст, мудири сомона Муҳаммадиқболи Садриддин инро бо мақсади аз об хушк баромадан инкор менамояд.
Инчунин Хуршеди Атовулло дар гузоришии хеш таъкид менамояд, ки ҳамаи мукотибаҳои имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи поён”-и шаҳри Кӯлоб Маҳмадсодиқ Саидов бо Муҳаммадиқболи Садриддин дар ихтиёри журналисти мустақил қарор дорад. Ҳамаи ин гуфтаҳо шаҳодат аз он дорад, ки гарчанд Муҳаммадиқболи Садриддин бо имомхатиби қайдшуда ҳамкорӣ дошта бошад ҳам, бо мақсади худсафедкунӣ аз ин ҳамкорӣ даст кашида истодааст. Як чизро набояд фаромӯш сохт, ки агар шахс барои ин ё он кирдори содиргашта дахдор набошад, ҳатман барои сафедкунии худ чораҳои мушаххас меандешад. Вале азбаски ин айбдоркуниҳо ҳама дуруст, буда дар ҳақиқат ӯ бо имомхатиб ҳамкорӣ дорад, бинобар аз додани ҷавоб ба ин масъала даст мекашад.
Бо ба ҳисоб гирифтани таҳлилҳои болоӣ, инчунин аз рафтору кирдори фиребгарона ва ғаразноконаи аъзоёни собиқ ТЭТ ҲНИ ва инчунин кирдори ватанфурӯшона ва кӯрнамаконаи имомхатиб Маҳмадсодиқ Саидов ба хулосае омадан мумкин аст, ки худ тарафдорӣ намудан ва пазируфтани аъзоёни собиқ ҳизби хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаи наҳзати ислом, ки аз онҳо тамоми халқиятҳои ҷаҳон безор ҳастанду оҳоро ба ҷуз хоҷагони хориҷии муфтхӯрашон касе тарафдорӣ намекунанд, аблаҳист, зеро онҳо ба ҷуз манфиати шахсӣ ба шароит ва тинҷиву оромии дигарон парвое надоранд. Ба мисоли ин гуфтаҳо далеле овардан мумкин аст, ки гарчанд худ имомхатиби масҷиди ҷомеаи ба номи Ҳоҷӣ Абдулғаффори маҳаллаи “Нонвойи поён”-и шаҳри Кӯлоб Маҳмадсодиқ Саидов қурбони нияти ғаразноки Муҳаммадиқболи Садриддин шудааст, аммо ба ин аъзоёни оилаи ӯ ва дигар нафароне, ки таҳти нигоҳубин ва парастории ӯ буданд, бидуни ин ё он гуноҳ аз ҳама гуна ғамхорӣ ва дастгирии молиявии давлат маҳрум гаштанд. Бинобар мо ҳамчун фарзандони барӯманд ва даврони истиқлолият тасмим гирифтаем, ки бо тарафдорӣ ба сиёсати сулҳҷӯёна ва ғамхоронаи пешвои миллатамон бо чунин нафарон мубориза барем ва нагузорем, ки чунин нафарон ба тинҷиву осудагии мо халалдор гарданд.
Қосимов З. – ассистенти кафедраи
хадамоти гумруки ДДҲБСТ