Беадолатиҳои навбатии хоинон
Имрўзҳо ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо ҳамдигар наздик шуда, амалҳои ғаразноки худро амалӣ кардан мехоҳанд. Ба ин гурўҳҳои экстремистиву террористӣ гурўҳҳои ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ҳаракати «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҳизби наҳзати исломӣ шомил мебошад. Новобаста аз он ки фаъолияти ин ҳизб аз тарафи Суди олии кишвар қатъ карда шудааст, вале дар кишварҳои хориҷӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ амалҳои ноҷавонмардонаи худро идома дода истодаанд.
Имрўз аз сомонаҳои интернетӣ маълум гардида истодааст, ки Кабирӣ роҳбари мухолифин дар кишварҳои хориҷ силоҳбадастони худро доштааст ва шумораи онҳо даҳ ҳазор нафарро ташкил медодааст. Ин қадар силоҳбадастонро бар зидди кӣ омода сохта истодааст. Инчунин ин зархаридонро аз куҷо дастрас намудааст.
Магар онҳоро бар зидди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон истифода мебарад? Магар бар зидди мардуми тоҷик истифода менамояд? Ин шахсияти беинсофу беадолат фикр накардааст, ки дар хоки кадом кишвар ба дунё омадааст ва кадом модар ин ношукрро тавлид кардааст.
Ҳанўз аз ёди мардуми азияткашидаи тоҷик оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандии солҳои наваддуми асри гузашта нарафтааст. Саркардагони собиқ мухолифини ҳизби террористии экстремистии наҳзати ислом мардумро гумроҳ намуда, падарро бар зидди писар ва писарро бар зидди падар бархезонида буданд.
Мардуми бегуноҳ хоки ватанро аз тарсу ҳарос тарк намуда ба хоки давлати бегона гуреза гардида буданд. Магар ин ҳама азобу шиканҷа ва одамкушиву ғоратгарӣ, бераҳмиву ваҳшоният аз тарафи онвақта кифоя набуд.
Имрўз дар замони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, сериву пурӣ боз меросхўрони онҳо бо роҳбарии Кабирӣ аз кишварҳои хориҷӣ истода бо истифода мухолифини аз сомонаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна баромадҳо ва даъвоҳои беасос карда истодаанд.
Ҳанўз дар хотир дорам, ки дар яке аз интихоботи парлумони кишвар мухолифин бо роҳбарии Кабирӣ якчанд нафар ба мақомоти олии қонунбарори кишвар интихоб ва шомил гадида буданд. Вале бинобар аз ўҳдаи вазифаи хеш дар палумони кишвар набаромаданашон парлумони кишварро тарк намуда, ба кишварҳои хориҷа рафта бо маслиҳатҳои хоҷагони хориҷии худ бар зидди давлату миллати худ хизмати хирсона намуда истаандз.
Бояд қайд намуд, ки кишвари азизи мо имрўз даҳ миллион аҳолӣ дошта, мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои тинҷиву оромӣ, сулҳу салоҳ ва осмони соф зиндагонӣ карда истодаанд.
Кабирӣ бояд дар хотир дошта бошад, ки армияи аз ҳисоби зархаридони хориҷӣ ҷамъкардааш ҳамагӣ даҳ ҳазорро ташкил медодааст. Даҳ хазор ба даҳ миллион нафар баробар шуда метавонад.? Аллбата не. Кабириро зарур аст, ки аз нобакориҳои худ даст кашида кишвари тинҷу оромро ноором насозад. Нақшаву нияти Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.
Мирзоев А. – сармуаллими
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ