Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  санаи 30 апрели соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методиро дар мавзўи «Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.

Барои иштирок дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Ҷумњурии Тоҷикистон  даъват карда мешаванд.

Ҳадафи конференсия мубодилаи афкори олимону мутахассисон ҷиҳати дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот бо истифода аз усулҳои инноватсионии таълим ва муайян намудани дурнамои инкишофи таҳсилоти олӣ буда, дар доираи он муҳокимаи  мавзўъҳои меҳварии зерин пешбинӣ мегардад:  

  • Масъалаҳои таҳсилоти инноватсионӣ дар мактаби олӣ
  • Технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим дар мактаби олӣ: ҳолат ва дурнамо
  • Тањсилоти фосилавӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: афзалиятҳо ва муаммоҳо
  • Такмили шаклу усулҳои таълими интерактивӣ дар низоми таҳсилоти олӣ
  • Самтҳои асосии таҷдиди раванди таҳсил ва идоракунии онҳо
  • Нақш ва аҳамияти муносибати салоҳиятнокӣ  дар тайёр намудани мутахассисон
  • Роҳҳои баланд бардоштани малакаи касбии профессорону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ

          Забони кори конференсия:  тоҷикӣ, русӣ

Маводи конференсия дар шакли маҷмўаи мақолањо ба табъ мерасад.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар кори конференсия  мақолаҳои худро тариқи чопӣ ва электронӣ то санаи 10 апрели  соли 2021  ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.

Матни мақола бояд  бо формати Microsoft Office Word, фосилаи байни сатр 1,5 мм бо истифодаи  ҳуруфи Times New Roman Tj (бо забони русӣ – Times New Roman), кегл 14, ҳошияҳояш 2 см омода шуда бошад.

Ҳаҷми мқола набояд аз 5 саҳифа (формати А4) зиёд бошад.

Мақола дорои навгонии илмӣ буда, набояд қаблан нашр шуда бошад.

Маълумот дар бораи муаллиф(ҳо) -и мақола бо зикри насаб, ном ва номи падар, дараҷаи илмӣ, номи муассисаи таълимӣ ё ташкилоти илмӣ (пурра), ё вазифа ва ҷои кор, кишвар ва шаҳр дар кунҷи тарафи рост оварда шавад.

Унвони мақола бояд мундариҷаи мақоларо дақиқ ва мушаххас тавсиф кунад.

Иқтибосҳо дар қавсайн бо қайди рақами адабиёт аз рўйи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд.

Руйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта шуда, мувофиқи талаботи ГОСТ Р 7.0.5 – 2011 таҳия карда шаванд.

Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат тоза бошад.

Асолати матн на камтар аз 70% ҳаҷми мақоларо ташкил диҳад (дар барномаи «Антиплагиат» санҷида мешавад).

Масъулияти боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дўши  муаллифон мебошад.

Мақолаҳое, ки талаботҳои болоиро доро намебошанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Нишонии электронї барои ирсоли мақолаҳо: dabir77@mail.ru ё мустақиман ба нашриёт  (ш. Хуҷанд, микроноҳияи 17, ДДҲБСТ, бинои таълимии №1, утоқи 309).

Телефон барои иртибот:  (83422)  2-3163

 

You might also like