Гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ талаботи замон аст

Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон аз зумраи ташкилотҳое мебошад, ки аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷаҳонӣ оид ба таъмини сифати таълим эътироф гардидааст ва бояд қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон баъд аз аккредитатсия гузаштани чанд ихтисосҳо ҳамкории судмандро идома медиҳад.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов ва мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Абдураҳим Ҷӯраев дар чанд форумҳои байналмилалӣ оид ба сифати таълим, ки аз ҷониби Агентии мазкур ташкил шудааст, тариқи онлайн иштирок намуданд.
Боиси хушнудист, ки мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Абдураҳим Ҷӯраев аввалин коршиноси беруна аз Тоҷикистон дар Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон шуд ва инчунин узви Шӯрои таҳририяи маҷаллаи илмии Агентии «Таъмини сифати таҳсилот» интихоб гардид. Мақолаҳои сарвари донишгоҳ ва мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ доир ба масъалаҳои гуногуни аккредитатсия ва баланд бардоштани сифати таълим дар ин маҷалла нашр шудаанд.
Дар раванди ҳамкории Агентӣ бо Вазорати маориф ва илм, инчунин муовини ректори робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Даврон Бобоҷонов ба ҳайси коршиноси берунаи Агентӣ дар ҷараёни аккредитасияи барномаҳои таълимӣ иштирок менамояд.
Ректори донишгох, Муъмин Шарифзода дар аудити Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Қазоқистон дар якчоягӣ бо ректорони донишгоҳҳои Русия, Украина, Қирғизистон, Руминия, ки барномаҳои таълимии онхо аз ҷониби ин Агентӣ аз аккредидатсия гузаронида шудаанд, тариқи онлайн иштирок намуд. Дар баромади худ Шарифзода М.М. ба саволҳои комиссияи аудитӣ посух дода, аз ҷумла доир ба сабабҳои маҳз ба ҳамин Агентӣ муроҷиат намудан ва афзалиятҳои онро мушахассан нишон дод. Ӯ дар баробари он аз қаноатмандии хеш оид ба ҷараёни аккредитатсия андешаҳои худро доир ба мазмуну моҳияти он, ки аз ҷониби комиссияи аккредитасионӣ пешкаш шудааст, изҳор намуд. Инчунин роҳбари донишгоҳ оид ба натиҷаҳои аккредитатсия дар ДДҲБСТ сухан ронда, иброз дошт, ки аккредитатсияи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба мо имконият дод, ки ба худамон, яъне ба фаъолияти худ аз берун назар кунем, ки дар натиҷаи он на танҳо камбудиҳо, балки ҷанбаҳои мусбат, бартариҳои онро дарёбем ва он бешубҳа ба роҳи интихобкардаи хеш эътимод мебахшад.
Дар натиҷаи аккредитатсияи байналмилалӣ дар донишгоҳи мо, дар қатори дигар чораҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълим, нақши донишҷӯён – муштариёни асосии раванди таълим дар таъмини сифати таҳсилот мустаҳкам гардид; системаи интихоби донишҷӯ ҳамчун узви фаъоли Шӯрои олимон таҳия ва тартиби возеҳи иштироки фаъоли донишҷӯ дар интихоби фанҳои интихобӣ, модели хатмкунандаи барномаҳои таълимӣ такмил дода шуданд. Барои таъмини иштироки корфармо дар таҳияи барномаҳои таълимӣ ва ҷалби таҷрибаомӯзон аз ташкилотҳои дахлдор, корхонаҳо, муассисаҳои давлатӣ ба раванди таълими фанҳои асосӣ кори самаранок оғоз ёфт.
Бояд гуфт, ки шумораи довталабоне, ки мехоҳанд ба ин ихтисосҳо дохил шаванд, нисбат ба солҳои қаблӣ афзудааст. Ва ин, бешубҳа, ба сифати интихоби довталабон таъсири мусби мерасонад.

You might also like