Сарчашмаи хатар
Ба фаъолияти ҳар як ниҳод вобаста ба амал ва натиҷаҳое, ки ба даст меоварад баҳо дода мешавад. Ҳизби мамнӯи наҳзат дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш иҷрои амалҳоеро нишон дод, ки сарчашмаи хатар барои миллат, ҷомеа ва давлати Тоҷикистон гардид. Иштироки фаъоли аъзоёни ин ҳизб дар рўзҳои талхи солҳои наваддум мардумро ба ду майдон кашида ба хун оғушта карданд, рехташудани хуни ҳазорон аҳолии осоишта, кӯдакону модарон, бесарусомониҳо, ки оқибат мардуми тоҷикро гурезаву ба азоби сахти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор намуд. Ба хотир овардан аламовару даҳшатовараст. Ин бадкориҳои душманони миллату давлати мо – наҳзатиён буд, ки нобахшиданист.
Бо роҳбарии Сарвари оқилу одил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба хотири ваҳдати миллӣ гуноҳҳои наҳзатиёнро бахшидему созишномаи истиқрори сулҳ бастем. Онҳо боз ҳам нақшаҳои худро барои халалдор кардани сулҳу субот, ҳаёти осоиштаи мо, зина ба зина тарҳрези карда, хоҳиши амали кардани ҳадафҳои нопокӣ худ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ баромад намуданд. Соли 2015 даст ба табаддулоти давлатӣ заданд.
Бубинед, Лоиқ дар айни авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири дар амон мондани миллат ва ватанаш кушиши худро қурбон сохтан карда буд. Вай аз душманони миллат илтиҷо кард, ки тамоми тирҳои тирдонашонро ба қалби ӯ, ба ҷони ӯ фурӯ резанд, валекин ҷони мардум дар амон бошад:
Ҳама тире, ки андар тирдон доред,
Ба қалби ман бияндозед.
Ба ҷони ман фурӯ резед,
Ҳамин як қалби ман омоҷгоҳи тиратон бошад.
Валекин ҷони мардум дар амон бошад,
Агар як ман бимирам, ҳеҷ боке нест.
Фардо Модари тоҷик ҳазорон Лоиқи лоиқтаре аз ман биёрад боз,
Басо мушфиқ, басе ошиқ, басе содиқтаре аз ман биёрад боз.
Афсус, имрўз хоинони манфиатҷуву мансабпараст на хотири модарону кудакони тоҷик, ки дар фазои орому осоишта ва осмони софу беғубори ватан зиндагони доранд, меандешанд. Онҳо боз кушиши низоъангезиву бадбинӣ ва хусумату ҷангу ҷидолро дар байни мардуми ватани хеш ҳадафи худ қарордода, бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ, ки инсон, ҳуқуқу озиҳои ўро арзиши олӣ эътироф карда, тамоми имкониятҳои худро барои ободии ин сарзамин равона кардааст, баромад кардаистодаанд магар ин душманӣ нест?
Хушбахтона имрўз ҷавонмардони ҷасоратманду далер миллатдўсту некхоҳ ва некбини халқи тоҷик барои озодиву ободии кишвар саҳмгузоранд. Дар рагу пайванди онҳо хуни Деваштичу Спитамен ва дигар ҷавонмардони асили миллатдўсту ватандўсти тоҷик ҷуш мезанад.
Биёед ҷоннисории Сарвари давлатро қадр намоем. Зеро сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо сулҳ овард ва имрӯз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург — сулҳи тоҷиконро мо бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем.
Иноятова А. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ