Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд №49 аз 29.01.2021 ташкил ва баргузории озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд эълон гардидааст.
Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд дар самтҳои барномасозӣ ва низоми иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯи бахшҳои:
– ихтироъ ва навоварӣ,
– модел ва конструксияҳо,
– маҳсулоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ доир мегардад.
Барои маълумоти муфассал ба раёсати корҳои илмию таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ ҳамчунин ба муовинони декан оид илми факултетҳо ва ба мудири озмоишгоҳи инноватсионии донишгоҳ муроҷиат намоед!

You might also like