«Нуқсонҷӯён» боз ҳам камбудӣ меҷӯянд
Имрӯз ба ҳолате расидем, ки душманони давлату миллат аз ҳар суханронӣ, аз ҳар маъаркаи сиёсӣ, аз ҳар комёбӣ ва аз ҳар изҳоротҳои шодибахш барои мардуми Тоҷикистон нуқсонҷӯйи намуда, бо ин восита ҳар дастоварду пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, оромиву суботи кишварро кам арзиш нишон дода, онҳоро қабул надоранд. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар барои «нӯқсонҷуён» фурсати навбатии дурӯғу беасос ҳисобидани факту рақамҳо ва дастовардҳои соҳаҳои мухталифи ҷомеа гардид.
Мухолифин – «нуқсонҷӯён» ҳар чизро баҳона ва аз ҳар ҳодиса ҳангома месозанд, то мардум нисбати сиёсати имрӯзаи давлат эътимод накарда ба ҷои он ба суханонашон бовар намоянд. Гӯё бо омадани онҳо ба сари ҳокимият тамоми мушкилоту муаммои ҷомеа ба пуррагӣ ҳал мешуда бошад. Охир, ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳатто пешрафтатарин кишварҳои дунё ба худ хос мушкилиҳо доранд. Дар навбати худ дар Тоҷикистон низ мушкилоту муаммоҳои ҷой дорад. Ин воқеиятро Роҳбари давлат эътироф намуда, борҳо зикр доштанд, ки мо камбудӣ дорем, сол аз сол онҳоро бартараф хоҳем кард. Зеро кори ҳал ношуданӣ нест. Барои ашхос ва гурӯҳе, ки дар пайи ҷустуҷӯи камбудӣ аст, аз ҳар чиз камбудӣ меҷӯяд. «Нуқсонҷӯён» ҳатто масъалаи он, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Рамҳон дар муқоиса ба солҳои қаблӣ на дар охири соли 2020 балки рӯзи 26-уми январ соли 2021 ба вакилони порлумон ироа доштани паёмро ҳамчун камбудӣ унвон намуданд.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат бештар рӯи масъалаҳои иҷтимоӣ ва чораҳои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки танҳо соли 2020 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шуданд. “Дар натиҷа соли гузашта шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2274 расида, тибқи ҳадафҳои муайянгардида дар ҳафт соли оянда ба зиёда аз 3500 расонида мешавад, яъне беш аз 54 фоиз афзоиш меёбад.Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда буд”. Дар робита ба ин масъала ва ба ҷои кор таъмин шудани қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик, ки соли 2020 бинобар махкам будани роҳ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷират нарафтанд, онро беасос унвон намудаанд. Аммо, барои онҳо ҳарчанд бо сад далел исбот шавад, ки Тоҷикистон дар оянда тамоми мардуми худро бо ҷои кор таъмин карда метавонад, боз ҳам бовар намекунанд ва онро дурӯғу беасос меҳисобанд. Чун онҳо бо як боварӣ ва назари нек ба ояндаи ҷомеа назар намекунанд ва ҳамеша камбудиро мебинанду аз нуқсонҳо ҳарф мезананд.
Ҳамчунин Роҳбари давлат оид ба бунёди НБО сухан карда, зикр доштанд, ки “дар ин давра зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт – соати соли 1991 ба 21 миллиард киловатт – соат дар соли 2019 афзоиш дода шуд”. Гӯё ин нуқтаи Паём “боиси пурсиши фаъолон шудааст, ки чаро бо вуҷуди ин ҳама ба мисли солҳои 91 сокинон дар кишвар кор пайдо карда наметвонанду аз мушкилии норасоии барқ ҳамасола дар фасли сармо ранҷ мекашанд?”.
Ба ҳамаи мо маълум, ки сол аз сол шумораи корхонаҳо дар кишвар зиёд мешавад ва бо ин восита шумораи муайяни шаҳрвандон бо ҷои кор таъмин шуда истодаанд. Бобати масъалаи таъмини аҳолӣ бо қуваи барқ бошад, ҳамин метавон гуфт, ки чанд сол мешавад, ки ин муаммо аз байн рафта буд. Аммо, соли 2020 мутобиқи назари коршиносон аз сабаби кам шудани боришот дар фасли зимистон ва паст омадани ҳаво дар тобистон, яъне об нашудани пиряхҳо НБО ба таври зарурӣ кор накарданд. Чунин ҳолат, ба норасоии барқ оварда расонд. Дар натиҷа дар ноҳияҳо маҳдудияти барқ ба вуҷуд омад. Дар ин иртибот Роҳбари давлат ишора намуданд, ки аз сабаби талафоти зиёди қувваи барқ ва истифода нашудани дастгоҳҳои камхарҷи нерӯи барқ аз тарафи аҳолӣ боиси ба миён омадани мушкилоти барқ гардид.
Пешвои миллат дар Паёми хеш зикр намуданд, ки “мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст”. Аммо “нуқсонҷӯён” ҳамчун як тоҷик ба ҷои ифтихор намудан аз ин таърихи кӯҳан ва тамаддунсози будани гузаштагонамон ба камбудиҷӯӣ овора буда, дастовардҳои замони истиқлолиятро дидан намехоҳанд ва аз он чизе намегӯянд. Аз ин рӯ, мо ҷавононро мебояд суханони Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои ободии ватани азизамон боз ҳам бештар заҳмату талош намоем.
Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ