Амали беномусии Муҳаммадиқбол

Мақсад аз таҳия ва намоиш додани филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” ҳаргиз накӯҳишу таҳқири касе нест, балки нишон додани вақеияти талхест, ки дар сарнавишти як нафар инсон нақши мудҳиш, сиёҳии шармгину покнашавандае боқӣ гузоштааст.

Зеро ин филм таваҷҷуҳи ҳамагонро ба воқеаҳои ҷаҳонӣ, нақши терроризму экстремизмро дар вайроншавии авзои ҷаҳон, кўдакону наврасон, ки бояд муборизаи дастаҷамъонаи давлатҳо баҳри решакан намудани ин гуна тоифа шахсон ва рабурдани фаъолияти равияҳои тундгаро аз ҷумла он нафарони гумроҳӣ ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳшуда нишон дода шудааст ва маънии ин филм низ аз давраи босмачигарӣ то замони мо низ омада расидааст, ки аз ин гуна шахсон ин амалҳро интизор шудан мумкин аст. Зеро солҳои тўлонӣ ба ҳамагон маълум аст, ки дар байни мардуми афғон “бачабозӣ” барин хислати ғайриахлоқӣ дида мешавад. Маҳз падари Садуридинов Муҳаммадиқбол ки ба хатогии ҷиддӣ роҳ дода фарзанди бегуноҳашро ба ин равия ва идеологияву фикрронии ваҳшатомез табдил додааст.

Аз ин лиҳоз қайд кардан ба маврид аст, ки рӯз то рӯз муташанниҷ шудани авзои сиёсии ҷаҳон, ҷудоиандозиву даҳшатафкании ин беномусону худобехабарон, ба манфиатҷӯиву хиёнат кардан бо маҳрум кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, зӯроварӣ ба мардум буда, давлати моро низ бетараф гузошта наметавонад, ки аз асри гузашта ва фоҷеаҳои рухдодаи солҳои 90-ум гувоҳӣ медиҳад.

Он хоҷагоне, ки нооромии Тоҷикистон ва қашшоқии миллати моро мехоҳанд, маблағгузорони нафароне чун Муҳаммадиқболи Садриддин ҳастанд, ки моро имрӯз зарур омад, ки  филми мустанади “Бешарафӣ”-ро тамошо кунем ва аз он маълумоти пурратарро гирем.

Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст вақте, ки ҳолат аён аст ҳоҷат ба баён нест. Аммо ин тоифа шахсони сияҳдил дигар шаҳврадони моро тӯҳмат намуда, ба шахсияти онҳо дахолат карда, мехоҳанд онҳоро барои омода намудани ин филми ҳуҷҷатӣ сиёҳ намоянд. Ин воқеа ба шакли филм табдил дода шуда, ба фаъолияти мухолифин доғи нангин оварда, шаъну шараф ва обрўву нуфузи онҳоро муайян кард. Зеро маънои ин филм дар ҳақиқат як ҳуҷҷати асосӣ ба ҳисоб рафта далели раднашаванда мебошад.

Муайян гардид, ки ҳангоми нишондоди шоҳидони зинда падари Садуридинов М. Садриддинов Қаландар амалҳоеро анҷом додааст, ки ба фикри кас ҳам намеояд, бояд ин намуди тоифа шахсон радди маърака карда шуда, ба ин гуна намуди шахсон бигзор ҳукми қатл пешбинӣ карда шуда, мараторияи он аз байн бурда шавад.

Дар ҳақиқат филми ҳуҷҷатии «Хиёнат 7» ва ё “Бешарафӣ” бо овардани далелҳои бевоситаву раднашаванда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми тоҷик боз як бори дагар аз фикру андеша ва хулқу рафторҳои ин гуна тоифа шахсон огаҳӣ пайдо намоянд.

Кабирзода Г.Қ. – сармуаллими кафедраи

ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ

You might also like