Курсҳои такмили ихтисос оғоз ёфт         

Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши калидӣ дорад.

Такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани маҳорати умумӣ, касбию педагогӣ, психологӣ, малакаҳои умумии касбӣ, сифати таҳсилот ва инкишофи нерўи зеҳнии омўзгор нақши муайянкунанда дорад.

Лозим ба ёдоварист,ки Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат дар фаъолияти омўзгорону устодон нақши арзанда дорад, зеро назари амиқу ҳамабини Сарвари мамлакат ба тамоми соҳаву самтҳои ҳаёти мардуми кишвар,бахусус ба  соҳаи маориф сол то сол  бештар мегардад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо фармоиши ректори донишгоҳ  курсҳои такмили ихтисос аз рўи равияҳои иқтисодиёт, низоми иттилоот дар иқтисодиёт,ҳуқуқшиносӣ ва барномаи омўзишии «Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар раванди машғулиятҳо» аз санаи 11.01.2021 оғоз гардида, аз муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят, аз ҷумла аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон, ФДТТ дар шаҳри Исфара ва коллеҷи омўзгории ДДХ ба номи академик Б.Гафуров дар маҷмўъ зиёда аз 80 нафар омўзгорон ба курсҳои мазкур фаро гирифта шуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like