Мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят бо интихобкунандагон

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Ҷамшед Ҷӯразода бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №3 баргузор гардид. Мулоқотро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ифтитоҳ намуда, перомуни масоили мубрами ҷомеа сухан намуд.

Сипас, Ҷамшед Ҷӯразода дар доираи мулоқот перомуни истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии шомилшавии љавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ изҳори назар кард.

Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳар сокини мамлакат даст ба корҳои ободониву созандагӣ зада, ин санаи муҳиму муќаддасро истиқбол намоем.

Ҳамчунин, дар идомаи мулоқот аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҷаҳони зудтағъирёбанда бояд ҳар сокини мамлакат дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолияту якпорчагии мамлакат бетараф зоҳир накарда, дар ҳифзу ҳимояи мамлакати аљдодӣ ва рушди он саҳмгузорӣ намоем.

Ҳамзамон, дар мулоқот  чанде аз иштирокчиён ба сухан баромада, андешаҳои худро оид ба масъалаҳои мавриди матраҳ баён намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like