РУШДИ САЛОҲИЯТИ ТАҲЛИЛИИ БАКАЛАВРҲОИ ОЯНДА ДАР ДДҲБСТ

 

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон барои гирифтани грантҳо ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба рушди тафаккури таҳлилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ амалӣ мегарданд, озмун эълон намуд.

Дархости Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон љињати иштирок дар озмун дастгирӣ ёфт. Дар натиља миёни Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон ва ваколатдори давлатӣ – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон меморандум ба имзо расид.

Њамоҳангсози лоиҳа номзади илмҳои иқтисодӣ Дадохон Аминов тибқи нақшаи чорабиниҳои тањияшуда дар  иҷрои самараноки вазифаҳои гузошташуда ва татбиқи лоиҳаҳо  ӯҳдадор  мебошад.

Даврон Бобоҷонов  муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ба њайси куратори лоиҳа фаъолияти лоиҳаро тибқи вазифаҳои лоиҳавӣ ва ҳадафҳои донишгоҳ роҳбарӣ менамоянд.

Татбиқи лоиҳа дар се марҳала амалӣ карда мешавад:

  1. Ташкили курси махсус барои ҳайати профессорону устодони донишгоҳ;
  2. Таҳияи барномаи курси махсуси “Тафаккури таҳлилӣ” барои бакалаврҳои ихтисосҳои гуногун;
  3. Ташкил ва ҷорӣ намудани курси махсуси “Тафаккури таҳлилӣ” дар донишгоҳ.

Дархости лоиҳавии “Рушди салоњияти тањлилии бакалаврҳои оянда дар ДДҲБСТ” ба рушди қобилияти донишҷӯён оид ба татбиқи дониш, малака ва сифатҳои шахсӣ дар ҷараёни амалҳои таҳлилӣ равона карда шудааст.  Донишҳои таҳлилии босифат дар истеҳсолот љорї гардида,  барои дастгирии фаврӣ ва фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хољагии халќи мамлакат мусоидат мекунад.

You might also like