Наҳзати бегонапараст

Роҳбарият ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ боз аз шеваи дерини худ истифода карда, мардуми тоҷикро аз нав ба доми худ кашида, зиндагии ободи хамватанони моро ноором карданианд.

Онҳо сохибистиклолиро дар бадномкунии роҳбарон аз онҳо истеъфо талаб кардан дида, худро дилсўзи Ватану мардумпарвар эълон дошта, оммаро ба қонуншиканиву бетартибиҳо даъват менамоянд. Бо айби ҳамин «ватанхоҳону ҳомиёни истиклолият» солҳои 90-уми асри гузашта кишвар оғуштаи хун гардид. Ҳазорон бегуноҳон ба ҳалокат расидаю иқтисодиёти кишварамон харобу валангор ва дастгоҳи давлатдориамон фалаҷ гардид.

Шукри Офаридагор, ки оқибат даҳшату ҷангу сарсонию саргардониҳо дар кишвари тоҷик бахту саодат ва сулҳу субот ҳукмрон гардид, ки ин дастовардҳо барои қулли мардум аз ҷонашон ҳам азизтар аст.

Бахтовару сулҳовари мо Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки аз рўи эҳтирому ихлоси бепоён ва арҷгузорӣ барои заҳмату ҷоннисориҳояшон дар хифзи миллату давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллати мо-тоҷикон ном мебарем.

Агар ин “ватанхоҳону ҳомиёни истиқлолият” (ТЭТ ҲНИ) воқеан миллатдӯсту ватанпарвар мебуданд, бо назардошти риояи маърифати баланди гузаштагонамон дар як кишвари бегона боз забон ба бадномкунии ҳамватанони хеш намекушоданд.

Бешак, онҳо боз нияти пиёда кардани нақшаҳои навбатии худро доранд, ки ин нақшаҳои дар ҳамкори бо душманони хориҷии миллату мамлакатамон тарҳрезидашуда ба миллату Ватан ба ҷуз бадбахти чизе намеоваранд.

Аммо мо аҳли зиёи ҷомеа, ба ин ҳамватонони бегонапарастамон бо қатъияти том исҳор медорам, ки дигар касе ба ҳарзаҳои шумо гӯш намедиҳад.

Ҳар яки Тоҷикистониён кохи сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати саросарии миллатамонро, ки меъмораш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳасти эътироф намуда, дар ҳифзи он ҳастии хешро мебахшам.

Аз Шумо, ҳарзагӯёни ақлбохта даъват ба амал меоварем, ки ба амалҳои нангини хеш хотима бахшидаву нисбати сиёсати давлату ҳукумат некнияту хайрхоҳ бошед, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ, оромиву ободии кишвар ва рўзгори босаодати шаҳрвандон тамоми кўшишҳоро ба харҷ диҳем.

Маъмуров А.М. – н.и.и., дотсенти

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like