Тоҷикистон ба дуои Кабирӣ ниёз надорад

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷой ва мавқеи худро ёфтан хело мушкил ва душвор мебошад. Бо вуҷуди он кишвари тозаистиқлоли мо бо қадамҳои устувор ба ҳамаи мушкилотҳои замони муосир  нигоҳ накарда  ба пеш рафта истодааст. Вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолии кишвари мо рўз аз рўз хубтару беҳтар гардидаистодааст.  Ҳол он ки чунин рўзҳои хушро мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар орзу мекардем. Аҳолии кишвар ҳеҷ бовари надошт, ки ин ҷанги хономонсўз пешгирӣ карда мешавад, гурезагон ба хонаҳои худ бармегарданд, гуруснагӣ  аз байн меравад, хонаҳо ва вайронаҳои ҷанг бартараф ва обод мешавад, мардум ҳамдигарро мебахшанд, ба хонаи ҳамдигар ба меҳмонӣ мераванд, дасти ҳамдигарро дубора мегиранд, аз як минтақаи кишвар ба минтақаи дигари он бе ягон тарсу ҳарос мегузаранд, вале имрўз ҳамаи ин гуфтаҳо алакай амалӣ гардидаанд.  Дар ин ҷода нақши халқ ва алалхусус роҳбари интихобнамудаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон бе ниҳоят калон аст.

Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар кафи даст гирифта барои ҳарчи зудтар ба кишвар овардани сулҳу субот заҳматҳои шабонарўзӣ кашидаанд. Билоҳира ин заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи нек дода ҷонибҳо ба созиш омаданд.  Баъд аз ба созиш омадан кишвари мо қадамҳои нави устувори худро барои хубтару беҳтар намудани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузоштаанд.  Дар ин давра мо тавонистем, ки бо сарварии Пешвои дурандеши худ, кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ барорем, масъалаи ба аҳолӣ таъмин намудани қувваи барқ низ роҳи ҳалли худро ёфта мо дар арафаи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ қарор дошта, барои амали намудани нақшаи дигар стратегӣ, яъне таҳмини аҳолӣ ба озуқа мебошад, ки дар ин ҷода низ пешравиҳои бузур шуда истодааст.   Инчунин дар кишвари мо имрўз ҳадафи чоруми низ оѓоз гардидааст, ки ин саноаткунонии кишвар ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари ҳамаи ин дастовардҳои дохили кишвар давлати мо дар арсаи байналхалқӣ  низ ба мувафақиятҳо ноил гардидааст. Аз он ҷумла ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи глобалии об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, дар амал тадбиқ гардида истодаанд.

Имрўз дар муқоиса ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кишвари мо аз кишвари эҳтиёҷ ба кўмакҳои башардӯстона ба кишвари шарик ва рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Кишвари мо имрўз мисли дигар кишварҳои мустақил мақом ва мавқеи худро дар арсаи байналхалқӣ ёфтааст. Кишвари мо ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро дар асоси ба инобат гирифтани манфиатҳои мутақобилан судманд, эҳтиром ва риоя намудани тамоми созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва инчунин меъёрҳои қабулнамудаи байналхалқии худро иҷро намудаистодааст. Тоҷикистон алакай худро дар арсаи байналхалқӣ  ва дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худ ҳамчун шарики боэътимод нишон додааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонии имрўза чунин шарикони боэътимодро эҳтиром карда бо онҳо ҳамкориро ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи ниятҳои нопок ва ноҳалафи гурўҳҳои зиддиҳукуматӣ ва ғайриқонунӣ таъсисёфтаи дар хориҷи кишвар ва доимо бадномкунандаи  кишвари мо ба мисоли ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ҷомаи амал намепӯшанд.  Ҳар як давлат ва инчунин созмону ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дар масъалаи ҳамкорӣ бо давлатҳои алоҳида таҷрибаи кофӣ дошта, бо кадом кишвар ва дар кадом самт ҳамкори карданашонро хуб медонад ва ҳеҷ зарурат ба маслиҳати чунин гурўҳҳое, ки давлати худро паст мезананд ва ягон мақом дар дар кишвари худ надоранд, эҳтиёҷ надоранд.

Давлатов У.Н.ассистенти кафедраи

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like