Назари ҳасудонаи хоинони миллат

Бадхоҳони давлату миллати мо дастоварду муваффақиятҳои роҳбарияти кишварро гарчанде ҳис менамоянд, вале ҳеҷ гоҳ эътироф намекунанд. Фаъолияти бомаром ва шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  баҳри таъмини зиндагии осоиштаи мардуми кишвар равона шудааст.

Як гуруҳи бадхоҳон бо роҳбарии Кабирӣ, ки пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизро намехоҳанд ҳоло сафари расмии  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Федератсияи Россия бе натиҷа шуморида, мавриди танқид қарор медиҳанд. Охир дар чунин як шароити паҳншавии бемории сироятӣ анҷом додани сафари расмӣ ин худ ҷасорат аст. Натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба Федератсияи Россия натиҷабахшу умедворкунанда мебошанд.

Дар натиҷаи ин сафари расмӣ чандин санадҳои байнидавлатӣ ба имзо расонида шуданд, ки баҳри ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун замина гузоштанд.

Самтҳои ҳамкориҳои ду кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия қарор дорад. Асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро наздики 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи  хос зоҳир карда мешавад. Ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни ду кишвар 720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, дар вохуриҳо таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо, манфиатдории худро дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ,  ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи мақсад маънидод намуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева манфиатдор будани ҷонибҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон дорад. Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда мешавад.

Ҷонибҳо аз муҳиммияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемия ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ду кишварро таъкид намуданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки Алексей Оверчук ба ҳайси Ҳамраиси Комиссияи Байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми арзандаи худро дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳоямон мегузорад.

Албатта, дар натиҷаи ин сафари расмӣ барои дар як сатҳи нав ва баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Россия заминаҳои боэътимод гузошта шуд.

Бобоев А. – н.и.ҳ., дотсент, мудири кафедраи

 ҳуқуқи конститутсионии ДДҲБСТ

You might also like