Андӯҳи наҳзат аз сафари Рустами Эмомалӣ

Сомонаи ифротии «Паём.нет»-и наҳзатӣ мақола вобаста ба сафари Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русияро таҳти номи “Бачаи авош” чоп намуд.  

Дар мавод, аз ҷумла, чунин омадааст: “Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии кишвар ва писари раисҷумҳур бори аввал ба ҳайси раҳбари ниҳоди қонунгузори кишвар ба Русия сафар кард. Бо вуҷуди воҳима сохтани расонаҳои давлатӣ аз сафари нахустини нафари дуввуми кишвар, тақрибан ҳеҷ масъалаи дар он ҳал нагардид. Ҳатто муҳоҷирони корӣ, гардонандаҳои аслии иқтисоди кишвар ва даҳҳо бизнеси шахсии “шоҳзода”, аз “илтифот”-и ӯ баҳравар нашуданд. 

Маводи пашхгардида ба пуррагӣ иғвоангез, дурўғин ва бо мақсади муташанниҷ гардонидани авзои сиёсӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Русия равона гардида аст. Зеро Рустами Эмомалӣ дар асоси талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои ҷорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки давлати мо онҳоро эътироф кардааст, ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ҳар як сафараре, ки намояндаҳои мақоми расмии ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ба кадом давлате ки набошад, ба хусус ба Россия, ҳатман равобит ва муносибатҳои дўстиро мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон бо Россия шарики стратегии воқеӣ мебошад ва он решаҳои таърихӣ дорад. Нафароне, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии бачаи авош номиданд, худашон авош ҳастанд ва аз таърих бехабаранд. Ин ва дигар авошҳо бояд донанд, ки аввалин шартномаҳо “Дар бораи дўстӣ ва савдо ” бо Аморати Бухоро соли 1873 баста шуда буд, ки он замон ҳамин шартнома ба Тоҷикистони кунунӣ низ дахл дошт, чунки қисмати давлати номбурда буд.

Федератсияи  Россия яке аз аввалин давлатҳое ба ҳисоб меравад, ки баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ (8 апрели соли 1992)  мустақилияти давлатии Тоҷикистонро эътироф намуд.

Бинобар ҳамин “Ҳамчунин коршиносон ба ин назаранд, ки дар пасманзари ҳаводиси Белорус, Қирғизистон ва Арманистон, минбаъд мақомоти рус дар муносибат бо “шарикони стратегӣ” аз илтифоти бештаре кор хоҳанд гирифт, то аз дуршавии онҳо аз канорашон ҷилавгирӣ кунанд. Ин аст, ки ҳатто дар сурати барояшон нохушоянд будани гуфтугӯ дар як сатҳ бо “сиёсатмадоре” чун Рустами Эмомалӣ, наметавонистанд аз қабули ӯ дар Маскав худдорӣ кунанд”  гуфтани муаллифи маводи дар сомонаи «Паём.нет»-и наҳзат пахш гардида аз ҳисси бахилӣ, пастӣ, моҷароҷўӣ дарак медиҳад.

Натиҷаи сафарҳои намояндагони мақоми расмии Тоҷикистон буд, ки 16 апрели соли 1999 дар шаҳри Москва Шартнома вобаста ба ҳамчун иттифоқчӣ эътироф намудани Федератсияи Россия ва Тоҷикистон, ки ба асри ХХI нигаронида шудааст, ба имзо расид. Ин, ба ақидаи мо, натиҷаи бисёр муваффақ дар сиёсати хориҷии давлати мо аст ва мебошад.

Ин ва дигар шартномаҳо дар амал ҷорӣ ҳастанд, вагарна бесарусосмониҳое, ки Шумоён наҳзатиҳо интизор ҳастед воқеӣ мешаванд, бинобар ҳамин ба ин амалҳои Шумо халқи Тоҷикистон, Ҳукумати он бо Сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон истодагарӣ карда истодаанд.

Доир ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия. Ин проблемаи умумиҷаҳонӣ мебошад, лекин ба ҳар ҳол, ба ақидаи мо, ҳар як сафари намояндагони мақоми давлати Тоҷикистон ба Россия натиҷаи мусбӣ дорад.

Доир ба талаффуз бо забони русӣ аз ҷониби Рустами Эмомалӣ айбҷўӣ накунед, ки айбҷўӣ худ ҳам айб аст ва ҳам кори паст, чунки худатон мумкин бо русӣ як калима талаффуз карда наметавонед.

Аз «гуфти бародарони ғармӣ “бачаи авош” гуфтанатон аз маҳалгароӣ дарак медиҳад, чунки маҳалгароӣ низ яке аз сарчашмаҳои низоъ дар ҷомеа мебошад. Ба Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаи халқамон, новобаста аз мансубияти миллӣ  ва динӣ дахолат накунед!

Каримова М.М. – сармуаллими кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва

 пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like