Аз равшании барқи Роғун чашми Кабирӣ кӯр аст!
Тоҷикистон баъд аз истиқлолият ба даст овардан ба мушкилиҳои зиёд дучор гардид. Маълум аст, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми ягонаи иқтисодӣ амал мекард ва он баъд аз пошхӯрии ИҶШС аз байн рафт. Махсусан соҳаи энергетика. Дар баробари ин, хисороти ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ зиёда 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ноил гардид. Тоҷикистон пеш аз ҳама дар кишвар масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодиро ба миён гузошт. Бо дарназардошти ҳамин, Ҳукумати кишвар барои инкишофи минбаъда се ҳадафи стратегиро барои рушди иқтисодиёт ба нақша гирифт: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат.
Барои пешрафти иқтисодиёти кишвар моро зарур буд, ки ба истиқлолияти энергетикӣ ҳарчи зудтар ноил гардем. Роҳбари давлат низ борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Барои рушди энергетика, ки чун яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисодии кишвар дониста мешавад, кӯшишҳои зиёд ва назаррас ба анҷом расид. Ҳамин буд, ки дар ин муддат, давлату ҳукумат ва миллати сарбаланди тоҷик дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, баҳри ҳалли мушкилоти энергетикӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва равшану чароғон намудани ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои зерин ноил гардид.
Дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА татбиқ гардид. Муҳимтарин дастовардҳои соҳа мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави тавлиди нерӯи барқ, ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1» (670 МВт), «Сангтӯда-2» (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (100 МВт), НБО “Помир-1” ва як қатор нерӯгоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии 1020 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВт «Душанбе-500», «Суғд-500», дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВт дар НБО-и “Норак”, хати интиқоли барқи 500 кВт «Ҷануб-Шимол» (ба масофаи 263,8 км), зеристгоҳҳои барқии 220 кВт «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», хатҳои интиқоли барқи 220 кВт «Лолазор-Хатлон» (53,3 км) «Тоҷикистон-Афғонистон» (116 км), «Хуҷанд–Айнӣ» (83,2 км), «Қайроққум-Ашт» (74 км) ва «Геран-Румӣ» (78 км) ба масофаи умумии 407,5 км ба шумор мераванд.
Илова бар ин, дигар иншооти муҳими соҳа, ба монанди сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (300 МВт), хатҳои интиқоли барқи 220 кВт “Қайроққум-Суғд”, «Айнӣ-Рӯдакӣ», хати интиқоли барқи 110 кВт НБО “Хоруғ” – НБО “Помир”, зеристгоҳҳои барқии «Геран-2» ва «Қайроққум» дар арафаи анҷомёбист. Инчунин, мувофиқи нақша дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор гирифтани дигар иншооти нави тавлиди нерӯи барқ, ба монанди нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” ва “Себзор” (10 МВт), татбиқи лоиҳаҳои «Сохтмони нерӯгоҳи барқи ҳароратии «Фон-Яғноб», нерӯгоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Айнӣ”, “Санобод”, «Нуробод-1», «Нуробод-2», таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва сохтмони хатҳои интиқоли барқи 500 кВтт дар ноҳияҳои тобеи марказ (200 км) ва лоиҳаи “САSA-1000” (252 км), барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220/500 кВт «Равшан», «Румӣ», «Бойғозӣ», «Регар», ҷорӣ намудани низоми автоматии идоракунӣ ва назорати нерӯи барқ дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пешбинӣ гардидааст.
Аз солҳои 2000-ум рушди босуръати соҳаи энергетика ба хубӣ мушоҳида мегардад. Ҳукумати кишвар дар доираи имконият лоиҳаҳои гуногунро амалӣ гардонид, ки дар натиҷа иқтидори энергетикии кишвар ба 6300 мВт расид. Ин нишондод дар солҳои 2000-ум ба 5000 мВт баробар буд. Дар нақша аст, ки иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ то соли 2030 ба 10000 мВт расонда шавад. Албатта, барои ба ин ҳадаф расидан ва ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил додани кишвар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои бузург мо бояд ба манбаъҳои алтернативии энергия, техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва истифодаи самараноки қувваи барқ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат дар Паёмашон изҳор доштанд, ки: «Ҳангоми банақшагирии сохтмони корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми зарурии неруи барқ, об, роҳ ва дигар инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ бо истифодаи технологияҳои каммасраф ба инобат гирифта шавад. Сохтмону таҷдиди иншооти энергетикии банақшагирифташуда дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллиамон пурра бо барқ таъмин гардида, барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон ба кишварҳои минтақа шароит фароҳам оварда шавад»
Ба назар мерасад, ки кишварамон бо азму иродаи қавӣ сол то сол барои расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор мемонад. Ин аст, ки сол то сол лимити барқ дар фасли сармо беҳтар мегардад. Агар ду-се соли пеш аҳолии кишвар дар шабонарӯз 6-7 соат барқ доштанд, соли гузашта он ба 13-15 соат баробар буд.
Кабирии хоин дар баромади онлайнии худ даъво дорад, ки давлат гӯё нерӯи барқро ба давлатҳои хориҷа фурӯхта истода бошад. Лек ин дурӯғи маҳз аст.
Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти
кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ