Кабирӣ роҳбари сохтаи Паймони дурӯғин
Вокуниш ба баромад ва ё сӯҳбати Кабирӣ, ки санаи 13-уми декабр тариқи ютуб-канал нишон дода шудааст. Ин сохтакорӣ аст. Инро аз нофаҳмиву кӯтоҳандешагии роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки Кабирӣ худро роҳбари сохта эълон ва ташкил намудааст. Иғвогарон мехоҳанд аз даҳони Муҳиддин Кабирӣ маълумту фактҳои дурӯғро ба халқ расонанд. Сӯҳбати кунунии Кабирӣ ранги сӯҳбатҳои кӯнааш фаҷ, на мазмун дораду на мундариҷа. Мӯҳтавоои он боз ҳамон гапҳои қӯҳна.
Ба ҳамагон маълум, ки Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷа мебошад. Чаро лимити барқ дар кишвари Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ба ӯ дахл дорад.
Кабирӣ дар сӯҳбат гоҳе ҷоришавии имсолаи лимити барқ, гоҳе дар бораи фурӯши барқ ба хориҷа, гоҳе оиди боздошт намудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода сухан рондааст. Боз мисол оварда гуфтааст: «То ин замон садҳову ҳазорҳо нафарро боздошт карданд — аъзои ҲНИ, Зайд Саид, Бузургмеҳр Ёров. Даҳҳо нафарро дар хориҷ дастгир карда ба ватан бурданд, аммо аз боздошти Пирмуҳаммадзода тарсиданд». Аз гуфтаҳо бармеояд, ки боз ҳамон мардумфиребиву дурӯғгӯӣ, ҷангандозӣ байни мардум.
Дар суханаш оварда шудааст, ки гӯё «эътирозҳои мардум аз қабили болобарии қимати интернет». Ба фикри мо хуб мешуд, ки ба ҷои ин гапҳои пуч, ки мардумро ба гумроҳӣ мебарад, каме фикр мекард. Агар Муҳиддин Кабирӣ заррае ҳам ба халқи худ раҳм мекард ё онҳро дӯст медошт, дилсӯзи онҳо буда, онҳоро эҳтиром мекард, чунин рафторро ба худ раво намедид.
Дар ҷараёни сӯҳбати онлайнии худ Кабирӣ гуфтааст: «Назари ман ин аст, ки рӯз ба рӯз бедории мардум бештар ва садояш баландтар шуда истодааст. Бояд ҳамин роҳро идома дод — бо сароҳат, бо ҷасорат ҳарф задан аз мушкилиҳо. Шумо бо наворҳои эътирозӣ, фиристодани хабарҳо, “лайк” гузоштану таблиғи наворҳои мухолифин ба мо кӯмак кунед».
Бояд қайд намуд, ки рӯз аз рӯз бедории мардуми тоҷик, хусусан ҷавонон ба авҷ расида истодааст. Имрӯз халқи тоҷик дӯсту душмани худро хуб шинохта истодааст ва душмани ашадии худро хуб дарк менамояд. Мардуми тоҷик дар ёд надорад, ки аз авлоди ниёгонамон ба халқу диёри худ хиёнату тӯҳмат намуда, дар ба дар гашта, ҳамчун соя, ҳамчун махлуқ ё саги бовафо ба хориҷиён хизмат намояд. Таърих чунин ашхосро намебахшид.
Муҳиддин Кабирӣ доимо муқобили халқи худ меравад. Ӯ худ дар хориҷа шунида истодааст аз наворҳои телевизиониву намоишҳо дида истодааст, Тоҷикистони азизамон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯз аз рӯз гул-гулшукуфта истодааст ва ба боғ, биҳиш мубаддал гашта истодааст. Дар тӯли 29 сол намуди Тоҷикистони биҳиштосову кӯчакамон тамоман тағйир ёфтааст. Кӯчаву гулбоғҳо бо ҷавондухтарону ҷавонписарони даврони истиқлолият зебову хуррам шуда истодааст. Аз намуди зоҳириву ботинии халқ аён аст, ки онҳо аз давлату ватан ва Президенти худ қонеъ мебошанд.
Мо, устодони омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дастпарварони мо ба ҳиллаву найранг, дурӯғу рӯбоҳии кабириҳо бовар накунанд, Ватани худ, ҳар порчаи замини Тоҷикистони азизи Тоҷикистони азизи худро муқаддас доранд, нисбати муқаддасоту фарҳанги худ бетараф набошанд.
Мо чунин сӯҳбатҳову баромадҳои хиёнатгарони халқу давлати тоҷику тоҷикистониёнро маҳкум менамоем. Ин хиёнату гуноҳи Кабирӣ онҳоро хеҷ кас намебахшад. Беҳтар мешуд, ки барои шустани гуноҳи худ ягон амали хубе намояд, чаро ки охири ин корҳову тӯҳматгариҳо вой мебошад.
Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти
кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ