Аз Кабирии хоин дигар чӣ умед!

Имрузҳо симои аслии Мухиддин Кабирӣ худ маълум, зеро  мардуми Тоҷикистон ўро ҳамчун як нафари хоин, ватанфурӯш, беимон ва нокас мешиносанд. Мухиддин Кабирӣ муддати якчанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро осуда зиндагӣ кардан намегузорад ва аз хориҷа истода бо фармони хоҷагони хориҷиаш, ки манбаи асосии даромади зиндагии худ ва наздиконаш мебошад, мехоҳад обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ  паст кунад, лекин ба ин мақсади душманонаш ноил нахоҳад шуд.

Зеро халқи тоҷик халқи дурандешу адолатпеша ва сиёсати давлатии Тоҷикистон сиёсати инсондўстона мебошад.  Кабирӣ  аз вақте, ки аъзои собиқ Хизби назҳати ислом, айни замон раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон шуданаш ба халқу ватани худ хиёнат карданро низ сар кард. Муҳиддин Кабирӣ, ки ягон хислатҳои инсонӣ надораду дар қалбаш шайтони пулу чиз ҷой шудааст ва барои ин арзиш ватану миллаташро фурухтааст,  оиди ҷоришавии имсолаи лимити барқ дар кишвар, ки муваққатӣ буду пешакӣ аз ҷониби мақомоти идоракунӣ халқ огоҳ карда шуда буд, бо чашми хоинона назар карда, хост халқу миллати бофарҳангу бомаданияти тоҷикро  ба гумроҳӣ барад. Хол он ки ў ҳуқуқи муҳокима кардани лағви лимити барқ, на бартараф шудани мушкил дар соҳа ҳам надорад. Зеро “инсоне”, ки халқашро ба арзишҳои пулию молӣ иваз кардааст, худ  ҳамон мардумоне, ки ба инқилоб  даъват карда истодааст, бе ягон мушкилӣ ба ҳамон хоҷагони хориҷиаш мефурўшад.

Дар баробари ошкор шудани симои аслии Кабирӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон сарчашмаи маблағгузории ӯ ва ҳизбаш  ошкор шуд ва ин ашхоси худ  бевиҷдон бо ин баромадҳои беасосу халқи бомаданияти тоҷик нодаркор  кушиш мекунанд, ки Тоҷикистони гул- гулшукуфтаистодаро ба хоку хун оғушта кунанд,  аммо халқи бошарафи тоҷик ингуна ашхоси нокасро ба хуби шинохтаанд ва дигар ба доми фиреби онҳо намеафтанд.

Имрӯзҳо  ӯ дар Аврупо зиндагонӣ намуда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани гуфтугӯҳои беасос ва пучу бемаънӣ нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад.  Ӯ мехоҳад бе меҳнат маблағи бе дарди миён ба даст орад. Мехоҳад аз ҳар баромади кардааш аз грантҳои давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо ном «ҳомии ҳуқуқи инсон ва демократия» мебошанд, баҳравар гардад.

Суханҳои бофтаю сохтаи ин махлуқро дар сомонаҳои иҷтимоӣ мутолиа ва муҳокима кардан ҳам худ беҳуда  меояд. Ӯ бо паҳн намудани ақидаҳои зиддидавлатии худ мехоҳад ҳисси нобовариро нисбати давлати миллии мо дар байни мардум ба вуҷуд биёварад. Аз ин рӯ, ин махлуқи сарсахт “мухолифи сиёсии ҳукумати мо” нест. Ӯ душмани миллати мо ва давлати мо мебошад. Барои ӯ мафҳумҳои “пойдории давлат“, “арзишҳои миллӣ” “муҳаббат ба Ватану модар”  ва ғайра маънои худро гум кардааст. Чунин шахсон  муфтхӯр буда, ҷавонони ноогоҳи тоҷикро дар гирди худ ҷамъ карда, дар гирдоби пур аз азобу машаққат ғарқ карда истодаанд.

Аз ин рӯ хиёнатҳои содирнамуда истодаи ӯро миллат нахоҳад бахшид!

Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти

кафедраи ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ

You might also like