Аз гузориши Амрико, танҳо наҳзат фоида мебинад
Чӣ хеле олими ҳуқуқшиноси рус Андрей Клишас қайд мекунад: “Принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар ба меъёрҳои императивии ҳуқуқи байналхалқӣ шомил аст. Аммо аз лаҳзаи эълони он ба мундариҷаи принсипи мазкур тағийротҳои ҷиддии бесамар ворид гашта истодаанд. Мутаассифона, муносибати баъзе давлатҳои Ғарб қадри онро паст карда истодаанд”.
Солҳои охир давлатҳои Ғарб ба мисоли Амрико дар мамолики гуногуни дунё тавассути ташкилотҳои бо ном “ободкорона”-и худ, ки бо ниқоби бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сар задани табаддулоти давлатӣ сабабгор мегарданд. Ин гуна ташкилотҳо USAID, ҷамъияти бунёди мадад, ки аз ҷониби шахси ба ҳамагон маълум Сорос бунёд гаштааст ва инчунин ТЭТ ҲНИ лагандбардори мамлакатҳои Ғарб мебошанд.
Тоҷикистон сиёсати шаффофи худро дар соҳаи дин ва танзими расму анъана бурда истодааст ва баҳодиҳии манфии ИМА ягон маъноеро надорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баробари ду қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳсолаи охир дар дар ин ҷода хизмати гаронмояеро ба ҷо овардаанд.
Маҳз бо татбиқи ҳамин қонун бисёр масоили печида вобаста ба муносибат ба дин роҳи ҳалли худро ёфт. Дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки аксарияти мардумаш пайравӣ як дин ва як мазҳаб мебошанд ва Конститутсия озодии ҳар шаҳрвандро нисбати пайравӣ ба ин ё он дин мустақилона кафолат додаст, дар чаҳорчӯбаи қонун танзим намудани муносибатҳои динӣ зарурияти воқеӣ дорад.
Дар бораи дастоварди соҳибистиқлолӣ дар раванди озодии виҷдон дар мисоли давлате чун Тоҷикистон метавон мисолҳои фаровон овард. Ин вазифаи олимон, коршиносон ва ходимони дин аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ яке аз самтҳои сиёсати хориҷии худро дар ҳамкорӣ ва муколама бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ қарор додааст. Чунонки дар Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар зикр гардидааст, он ба таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ равона шудааст, то бад-ин васила дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ саҳм гузорад ва имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар ҷалб намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ин созмону ниҳодҳоро василаи муҳими муборизаи дастҷамъона бо хатару чолишҳои глобалии замони муосир, саҳнаи бебадали ҳаллу фасли ихтилофот ва мушкилот дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва василаи муассири таҳкими амнияту суботи ҷаҳонӣ медонад ва бо мақсади саҳм гузоштан дар эҷоди низоми наву одилонаи муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллии худ дар чаҳорчӯби онҳо ба таври фаъол ва густурда иштирок менамояд.
Бешак, яке аз омилҳои бӯҳронзо дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ сӯиистифода аз боварҳои динии мардум барои расидан ба мақсадҳои геополитикӣ ва геоэкономӣ аз сӯи қудратҳо ва созмонҳои фароминтақавӣ мебошад. Мутаассифона, баъзе аз ашхос ва гурӯҳҳои фурсатталабу қудратхоҳ ба бозии сиёсии кишварҳои манфиатҷӯ дохил шуда, ба муҳраҳои бӯҳронзо дар кишварҳои алоҳида тадбил дода мешаванд. Чунин намунаро дар шеваҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ мушоҳида намудан мумкин аст, ки роҳбарону пайравони он бо дастгирии молии кишвари маълум мехоҳанд идеологияву ҷаҳонбинии бегонаро дар ҷомеаи мо таҳмил намуда, бад-ин васила ба ҳадафҳои бузургтаре ноил гарданд.
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ