Танзими ҳуқуқии муносибатҳои динӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе  наметавонад ба ҳайси  мафкураи давлатӣ  эътироф шавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки  нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои ба зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва  ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Гуногуншаклии мафкуравӣ ҳамчун ҳуқуқи шахси алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба воситаи амалҳои зерин фаҳмида мешавад:

– таҳияи бемамониати назария, нуқтаи назар ва мафкураи худ доир ба сохторҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дигар сохторҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷӣ ва умуман тамаддуни ҷаҳонӣ;

– ташвиқу тарғиби нуқтаи назар ва мафкураи худ аз тариқи воситаҳои ахбори омма: рӯзномаҳо, радио, телевизион;

– ба роҳ мондани фаъолият ҷиҳати дар амал ҷорӣ кардани мафкураи худ: таҳияи санадҳои барномавии ҳизбҳо ва санадҳои дигаре, ки тадбирҳои такмили сохти иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назар доранд;

– ҳифзи ошкорои мафкураи худ, амалӣ гардонидани баҳсу мунозираи фаъол бо мафкураҳои дигар;

– ба воситаи суд ё мақомоти дигари давлат талаб кардани рафъи монеаҳои марбут ба татбиқи ҳуқуқ ба гуногуншаклии мафкуравӣ.

Дар ҷомеаҳои демократӣ эътироф гардидааст, ки ҳизбҳои сиёсӣ манфиатҳои гурӯҳҳои асосии иҷтимоии аҳолиро инъикос менамоянд. Аз лиҳози ин меъёри конститутсионӣ давлат баробарии ҳизбҳои сиёсиро дар назди қонун, сарфи назар аз аҳдофу вазифаҳои эълонкардаашон, кафолат медиҳад.

Мафҳуми аз давлат ҷудо будани ташкилотҳои динӣ маънои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти дунявӣ доштани давлатро дорад, ки дар моддаи 1 Конститутсия дарҷ гардидааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26 марти соли 2009 ҳамаи дину мазҳабҳо дар назди қонун баробаранд. Муқаррар намудани ягон хел афзалият ё маҳдуд кардани яке аз динҳо ё мазҳабҳо нисбат ба  дину мазҳабҳои дигар норавост.

Давлат иҷро намудани ягон вазифаи давлатиро ба зиммаи ташкилотҳои динӣ намегузорад. Давлат барои фаъолияти ташкилотҳои  динӣ ва таблиғи атеизм маблағ ҷудо намекунад.
Ташкилотҳои динӣ вазифаҳои давлатиро иҷро намекунанд.
Ташкилотҳои динӣ дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иштирок намекунанд ва ба  ҳизбҳои сиёсӣ кумаки молиявӣ намерасонанд.

Ташкилотҳои динӣ бояд талаботи қонунҳои мавҷударо риоя намоянд. Дар низоми суди давлатӣ ягон хел суди махсуси динӣ таъсис дода намешавад ва меъёрҳои динӣ сарчашмаи ҳуқуқи давлат намебошанд.

Давлат барои пойдории таҳаммулу эҳтироми байни шаҳрвандони диндору бедин, байни ташкилотҳои динии мазҳабҳои гуногун, инчунин пайравони онҳо мусоидат намуда, ба таассуб ва ифротгароӣ роҳ намедиҳад.

Давлат фаъолияти динии ташкилотҳои диниро маблағгузорӣ намекунад, танзими ҳуқуқӣ ва ба ташкилотҳои динӣ додани имтиёзҳои андозбандӣ ва шаклҳои дигари имтиёзҳоро анҷом медиҳад, ба ташкилотҳои динӣ дар барқароркунӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи иморату иншооти таърихӣ ва фарҳангӣ кумак мерасонад. Расондани кумак асоси эълонгардидаи аз давлат ҷудо будани ташкилотҳои диниро халалдор намекунад, зеро чунин кумак, сарфи назар аз мансубияти мазҳабӣ, расонда мешавад ва он дорои аҳамияти фарҳангӣ   мебошад.

Давлат  танзими ҳуқуқии татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба озодии эътиқоди динӣ ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ анҷом медиҳад. Низоми муносибатҳои байни давлат ва ташкилотҳои динӣ аз низоми умумии муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷудо нест, баръакс ҷузъи таркибии он мебошад ва таъсири бисёр равандҳои иҷтимоиро эҳсос мекунад. Ташкилотҳои динӣ як ҷузъи сохтории ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор мераванд.

Абдувоҳидов М. – ассистенти кафедраи

 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like