Ватанхоҳии Кабирӣ ба гуфтор ё кирдор …

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош намуд, ки аъзои созмону ташкилотҳои бонуфуз гашта, дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми худро гузорад. Хушбахтона, давлати тозаистиқлол аъзои чанднин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардида, нисбати ҳалли муаммоҳои ҷаҳонӣ ташаббусҳои муфиду созанда ироа намуд. Боиси сарфарозист ки чор ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби аъзои СММ ҷонибдорӣ пайдо намуданд ва бо ин воситаи миллату давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохтанд.

Вале, чанд муддат мешавад, ки чанд нафар аз мухолифин – намояндагони ТЭТ ҲНИ мехоҳанд бо овардани чанд далел нисбати нагардидани санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро айбдору номи кишварро сиёҳ кардан мехоҳанд, ки ин ягон мантиқ надорад.

Аввалан, Тоҷикистон худ роҳи бунёди ҷомеаи демократиро пеш гирифтааст ва дар баробари торафт беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии мардум заминаи тадбиқи арзишҳои демократӣ низ фароҳам мегардад.

Дуюм,  агар дар бораи мавқеи он созмонҳо сухан намоем, дар ҳақиқат ҳам бисёр кишварҳои пасошўравӣ махсусан Русия ҳамеша бо риоя накардани баъзе санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби созмонҳо ва хоса ИМА мутаҳам карда мешавад.

Сеюм, набояд фаромўш созем, ки дар дунё ҳеҷ як кишвар ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқи башарро пурра риоя надоран.

Чорум, он давлатҳои ангуштшумор, ки дар риояи бештари меъёрҳои ҳуқуқи инсон муваффақанд, кишварҳои мебошанд, ки ҳам аз ҷиҳати фарҳанг ва ҳам аз ҷиҳати таҷрибаи демократия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мардумони он фарқ доранд.

Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст, Тоҷикистон дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ асосан ба масъалаи барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар машғул гардид ва ҷанги шаҳрвандӣ талафоти бузург ба миён овард. Ва дар ду даҳсолаи охир натиҷаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ба қадри муайян пеш рафт. Дар ояндаи умед аст, ки бо тадбиқи ҳадафҳои стратегӣ имконияту заминаи инкишофи арзишҳои демократӣ дар кишвар фароҳам боз ҳам бештар фароҳам мегардад.

Аммо, саволи мо ин аст, ки агар мухолифин, намояндагони ТЭТ ҲНИ онқадар ватандўсту ғамхори миллату давлат бошанд, чаро тавассути васоити ахбори оммаи таъсисдодаи хеш Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ наменамоянд? Магар онҳо аз  ин кишвар нестанд, бо нону оби ин сарзамин ба камол нарасиданд? Мутаассифона, то ба имрўз кори онҳо танҳо паст задан, бадном кардан, сиёҳ кардани номи миллату давлат мебошад. Кори онҳо камбудӣ кофтан, сиёҳ кардан ва бо ин роҳ худро ба дигарон ширин кардан асту тамом.

Имрўз Тоҷикистони азиз, ба ҷавонони ватандўстў созанда ниёз дорад. Пешрафту ободӣ ва беҳтар гардидани вазъи зиндагии мардум танҳо аз меҳнату заҳмати ҳар нафар аъзои ҷомеа вобаста мебошад. Бо камбудӣ ҷустан ва сиёҳ кардан ва бофтани ҳаргуна дурӯғу гапҳои беасос зиндагии мардум беҳтар нахоҳад шуд.

Агар мухолифин ватандўсту миллатдўст будани худро исбот кардани бошанд, тавассути барномаҳои телевизиониву интернетии худ осори пурарзиш, таърихи пурифтихор, ҷойҳои зебову манзараҳои дилфиреб ва пешрафту ободии Тоҷикистони давраи соҳибистиқлолро намоиш диҳанд. Бинем ки то куҷо дилашон ба пешрафти Тоҷикистон месўзад ва ҷонибдори пешравии кишвар ҳастанд.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like