Иғвогариҳои беҳудаи Муҳаммадиқболи Садриддин
Тоҷикон яке аз халқҳои қадимаи Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар давраи мавҷудияти худ бо офаридани фарҳангу тамаддуни бемисл аз халқҳои дигари ин минтақа фарқ дорад. Шахсиятҳои кам вомехӯранд, ки барои халқу миллати худ, ҷон фидо намоянд ва сулҳ барқарор кунанд.
Хушбахтона барои миллати мо ин гуна шахсияти бузуру бомаърифат ва сиёсатмадори оқилу дона насиб гардидааст. Дар натиҷаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони ба оғӯши ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, иқтисон суст гардидаро ба Ҷумҳурии орому осуда ва аз ҷиҳати иқтисодиву сиёсӣ қавӣ гардонидааст.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон воқеоти аввалҳои соли 90-и қарни гузаштаро хуб дар ёд доранд, ки ба туфайли ба майдони сиёсат ворид гардидани ТЭТ ҲНИ миллионҳо нафар ба Афғонистону кишварҳои дигар фирорӣ гардиданд, беш аз 150 ҳазор бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қурбон шуда, хисороти молии ба ҷумҳурӣ ворид гардида миллиардҳо доллари амрикоиро ташкил дод.
Маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 27 июни соли 1997 ба имзо расидани шартномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон ҳамаи фирориёни тоҷик аз Афғонистон баргардонида шуда, хонаҳои валангоргардидаи онҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар барқарор карда шуданд. Аммо роҳбарони ин ҳизби террористӣ фаъолияти худро аз сохтани қсрҳо барои худашон ва гирифтани зани дуввуму саввум оғоз намуданд.
Мақолаҳое, ки бо номи «Аз гумоштагӣ то Пешвоӣ, ҳафт хиёнати бузург», ки дар сомонаи “Ислоҳ.нет” интишор гардидааст, дурӯғи маҳз аст.
Ҳар як корнамоие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда шудааст, бо тӯҳматҳои худ мехоҳанд, ки хиёнат бурда расонанд. Аз ҷумла барои оромиро дар Тоҷикистон барои барқарор кардан аз давлатҳои хориҷӣ ёрӣ пурсидан, ки талаботи замони ҳамонвақта, ва он танҳо барои барқарор намудани сулҳу оромӣ ба Тоҷикистон равона карда шуда буду халос.
Дигар масъалае, ки бояд қайд намуд, ин илова ба Конститутсияи ҷумҳурӣ аст. Ин масъала дар тамоми қонунгузориҳои давлатҳои дунё вомехӯранд. Ин тағиру иловаҳо дар давлатҳое, гузаронида мешавад, ки он ба роҳи тараққиёт гузашта рушд меёбад. Ин ҳадафе, ки мухолифин барои зарба задан равона намудааст, донаки пуч аст, ки ягон ҳақиқате надорад.
Тамоми масъалаҳое, ки дар мақола оварда шудааст, пур аз тӯҳмату дурӯғу иғвоандозӣ буда, мақсади ба вуҷуд овардани низоъҳои сиёсиро дар мамлакати мо дорад.
Қаҳҳоров У.А. – ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ