Кабирӣ даъвои инқилобро дорад

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навор оиди гуфтугўи мустақими як гурўҳи ғайриқонунии «Паймони миллӣ» бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки баъди хондани баромадҳои онҳо шахс худро бетараф гирифта наметавонад.

Хусусан мавзўи охирони баромадаи онҳо дар шабакаи иҷтимоии интернет бо номи «Инқилоб бо эълон намешавад» диққати касро ба худ ҷалб мекунад.  Зеро зери мафҳуми   «инқилоб»  хусусан вақте, ки ба сиёсат алоқаманд карда мешавад ин табаддулот, яъне  ғасби ҳокимият бо роҳи ғайриқонуӣ, бетартибиҳо,  куштру ғорати шахсони бегуноҳ ва ғайраю ҳоказо маънидод ва фаҳмида мешавад.  Яъне ба таври дигар гўем ин даҳшат барои давлату миллатест, ки ба ин ҳодиса гирифтор шудааст ва ё мешавад. Бахусус дар замони муосир ва шароити кунунии сиёсати ҷаҳонӣ, ки раванди тақсимоти геополитикии ҷаҳон давом карда истодааст, хеле хатарноктар мебошад.  Бо вуҷуди ин боз шахсоне ба мисли Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ёфт мешаванд, ки орзўи «инқилоб» карданро мекунанд. Бо вуҷуди он, ки худашон хуб дарк мекунанд, ки ин кори онҳо бо кадом натиҷа анҷом меёбад. Зеро онҳо аллакай на як маротиба ин амалро иҷро намуда буданд.

Солҳои 90 – уми асри гузашта низ дар Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо рухдода буданд. Ҳамон вақт низ бо роҳбарии саркардагони ҳизби мамнуъгардидаи наҳзати исломӣ ва тарафдорони онҳо табаддулот доир гардид. Сабаби ба чунин табаддулот даст задани худро роҳбарон ва саркардагони ҳизби мамнуъгардидаи  ТЭТ ҲНИ дар ҳукумати ҳамонвақта медиданд. Онҳо  ҳукумати ҳамонвақтаро дар тамоми бадбахтии мардум гунаҳкор намуда, мардумро гумроҳ карда ба гуруснанишинию тазаҳуротҳою бетартибиҳо даъват мекарданд. Мардуми гумроҳгашта ба суханони онҳо бовар карда ба майдони “Шаҳидон” баромада талабу дархостҳои ин гуруҳҳоро иҷро мекарданд.

Саркардагони майдон аз вазъияти ба амаломада истифода намуда, талабҳои худашаонро пайи ҳам пешниҳод мекарданд. Лаҳза ба лаҳза онҳо талаботҳои худро дигар намуда оқибат ба ин қаноат накарда ба ғасби ҳокимият, аз ҷумлаи фатҳи Қасри Президент ва Кумитаи телевизион ва радиошунавоӣ  даст заданд.  Дар натиҷа ҷанги бародаркуш оғоз гардида ба сари мардуми тоҷик ва давлати тозаистиқлолӣ мо оқибатҳои фалокатвор ба бор овард, ки то имрўз нишонаҳои он мондаанд.

Имрўз боз мо мебинем, ки пайравон ва аъзоёни мамнуъгардидаи ТЭТ ҲНИ ва дар шакли дигар ташкилнамудаи онҳо «Паймони Миллӣ» бори дигар мехоханд корҳою амалҳои ношоистаи худро давом диҳанд. Мардум ва кишвари баъд аз ҷанги бародакуш дубора  барқароршударо ба вартаи ҷанг андозанд.  Мардуми парокандаю ҷангзадаро, ки бо як азобу заҳматҳо ва талошҳои шабонарўзӣ сарҷамънамударо мехоҳанд дубора сарсону саргардон намоянд. Миллатеро, ки тӯли қарнҳо гузаштагони мо нигоҳ доштан ва ба мо мерос гузоштаанд мехоҳанд, ки ба нестӣ баранд.

Ҳаргиз ин ниятҳои нопоки онҳо амалӣ намешаванд. Зеро мардуми тоҷик ва аз он ҷумла ҷавонон мақсаду ниятҳои нопоки ин дурўябозони  ватани худро медонанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоран, ки чунин бадкирдорон бо ҳамроҳии хоҷагони худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари биҳиштосои мо анҷом диҳанд.

Бо вуҷуди дигар намудани номи ҳизбў ҳаракатҳои худ мақсади онҳо дигар нашудааст. Онҳо танҳо тағйири ном кардаанду халос.  Бинобар ин онҳо зери ҳар гуна шиорҳои нав мехоҳанд, ки ниятҳои нопоки худро пинҳон курда амалҳои анҷом надодаи худро ба охир расонад. Зеро барои ҳамин онҳоро дар хориҷи кишвар хоҷагонашон нигоҳ медоранд. То он даме, ки нақшаҳои хоҷагони худро ба итмом нарасонанд аз ниятҳои худ бар намегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари рў ба тарақӣ табдил ёфта истодааст. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рўз аз рўз сатҳи зиндагии мардум беҳтару хубтар шуда кишвари мо ба дастовардҳои назаррас дар ҳама самт ноил гаштаи истодааст.

Ҳамаи ин дастовардҳои кишвари мо барои он шахсоне, ки нисбати давлату миллати мо ниятҳои нопок доранд хуш намеояд. Онҳо барои сиёҳ кардани Ҳукумати имрўза дигар намедонад аз чи истифода намоянд. Бинобар ин тавассути  паҳну пахш намудани ҳаргуна дурўғу буҳтонҳо нисбати Ҳукумати имрўза дар шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ мехоҳанд мардумро ва аз онҷумла ҷомеаи ҷаҳониро гумроҳ созанд. Лекин ҳамаи онҳо асос надоранд ва чуноне, ки дар урфият мегўянд «дурўғ умри дароз надорад».

Бо вуҷуди онки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо маҳз ҳамин ҳизби ба ном исломӣ ва ҷонибдорони он буданд, давлату ҳукумат ҳамаи онҳоро ауф намуд. Зеро дар урфият мегўянд, ки «Бузургии миллат дар муттаҳидии он аст». Дубора ба онҳо иҷозат дод, ки дар ҷаҳорчўбаи қонун фаъолият баранд. Лекин сад афсус табиати онҳо ҳамин будааст.

Ҳизби мамнуъгардидаи ТЭТ ҲНИ ва дар шакли дигар ташкилнамудаи онҳо «Паймони Миллӣ» боз мехоҳанд, ки неши заҳрноки худро ба тани мардуми тоҷик занад. Орзўи «инқилоб» карданро мекунад. Лекин ин дафъа ин кор ба онҳо муяссар намегардад. Мардуми тоҷик муйро аз хамир ҷудо карда метавонанд. Бахусус ҷавонони имрўзаи тоҷик пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки дасти нохалафе ба сари миллати тоҷик бардошта шавад.

Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи 

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like