Нерӯҳои аҳриманмиҷози ТЭТ ҲНИ
Тавассути фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо имрӯз чунин давлати обод ва зебо дорем. Зеро танҳо ӯ тавонист, дар рӯзҳои даҳшатбору пурфоҷеаи кишвар мардуми парешону парокандаи тоҷикро сарҷамъ орад. Ҷон ба гарав монда аз сарзамини ҳамсояи ҷангзадаи Афғонистон гурезагонро ба Ватан баргардонд.
Магар он рӯзҳо фаромӯш мешаванд? Магар оби дидаи модарону хоҳарони ҳайрону зор ва азизгумкарда аз ёд мераванд?
Фаромӯшии он рӯзҳои сангини миллат ин фаромӯшии таърих ва асолати хеш аст. Он шабу рӯз ба амнияту якпорчагии миллат хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Ин масъулияти азимро касе аз зимомдорону роҳбарон намехостанд ба дӯши худ гиранд. Зеро тарси ҷону ҷалол барояшон муҳимтар аз манфиати миллат буд. Танҳо ҷасорату ғайрати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ин ҳама масъулияти гаронро ба дӯши худ гирифт.
Ба ҳамагон аён аст, ки Пешвои миллат дар азми кардааш устувор монда, тӯли 5 сол бо саркардагони гурӯҳи мухолифин 5 даври гуфтушунид ва ҳафт мулоқот гузаронид, ки оқибат ба мақсади гузоштаи хеш муваффақ гашт. Дар ин роҳи душвор боварию муҳаббати мардум зарур буд, ки онро Сарвари давлат сазовор шуданд.
Гузаштаи таърихии миллати мо борҳо нишон додааст, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ дар пайраҳаҳои зиндагӣ доим домангир буд. Яке аз марҳилаҳои хело ҳассосу нозук ва дар айни замон тақдирсози миллати мо ин давоми солҳои 90-уми асри сипаришуда мебошад. Бо таназзул ёфтани низоми шӯравии собиқ давлатҳои иттифоқӣ роҳи мустақилияти усули давлатдориро пеш гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистони мо низ дар остонаи солҳои 90-ум истиқлолияти хешро ба даст овард. Расидан ба ин неъмати гаронарзиш таърихан халқи тоҷик ҷафоҳои зиёдеро пушти сар намуд, аммо дар он замон зоҳиран хело осон ба даст омад. Агар дар он айём ба даст овардани истиқлолият осон ба даст оварда шуда бошад, пас ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи афроди алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид.
Имрӯзҳо боз ҳастанд афроде, ки нотавонбинию ношукрӣ намуда ҳарфҳои иғвоангезонаашонро ба тариқи баъзе сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд. Онҳо бо суханони «шаҳду шакарбор»-и худ мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистонро мутақоид бар он кунанд, ки ҳақиқат бо онҳост аз ин рӯ бояд пайравӣ ба онҳо кард. Ин неруҳои аҳриманмиҷоз чун «Аҳриман» зоҳиран суханони мафтункунанда мегӯянд, то мардумро ба доми хеш афкананд. Онҳо ба шахсияти ҳар касе, ки хоҳанд таҳқирро раво мебинанд ва мехоҳанд ин фаҳмиши худро болои мардум бор кунанд. Мардуми Тоҷикистон хушбахтона ҳақиқатро худ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ хело хуб фаҳмидааст ва роҳи зиндагии осоиштаро акнун пайдо намудааст, аз ин рӯ фирефтаи пайравони шаётин шуданро барои хеш чун ҷомеаи мутамаддин раво намебинад.
Яке аз чунин ҳарфҳои иғвоангез дар мақолаи Исломиддин Содиров дар сомонаи “Паём.нет” мебошад, ки аз оғоз то ба охир тафриқаандозӣ, иғвоангезӣ, ба иззати нафс расидан аст. И.Содиров бо мақолаи фаччу беасоси худ гӯё меҳре, ки солҳо бо меҳнатҳои шоёни худ Пешвои миллат ба дили сокинони ватанпарвари Тоҷикистон ҷо намудаанд дур меандозад.
Эй бетамиз, ту ки ҳасти ки ба шахси маҳбуби халқ чунин суханхои фаҷҷу беасос мегӯӣ. Халқ худ медонад ба кадом шахс овоз дихад ва киро ба мақоми арзандаи президентӣ интихоб намояд. Ба ҷои он ки дар пиронсоли мардумро насиҳатсозӣ ба муттаҳиди ватандустӣ даъват намоӣ, мехоҳи бо гапҳои беасоси худ ба дили пурмеҳри мардуми заҳматпеша кинаву адоват ҷо намоӣ. Аммо ин амали ту натиҷа намедиҳад.
Муҳиддинов М. – н.и.б. дотсенти кафедраи
маркетинг агробизнеси ДДҲБСТ