Давидани гӯсолаҳои наҳзатӣ то Аврупо

Масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷии муосири кишвар, ки торафт мураккаб гардида истодааст. Зарурияти зиракии сиёсӣ ва шомили нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуби замони имрўза талаботи қатъӣ мебошад. Аз ҷавонони имрўза доштани зиракии сиёсӣ талаб карда мешавад. Зеро онҳо оид ба ҳаёти сиёсӣ, ҷомеаи пур аз фиребу адоват маълумоти пурра надошта, ба зудбоварӣ моил мебошанд. Яъне кишре мебошанд, ки ба доми фиребгарон – хиёнаткорон нисбатан осон меафтанд. Бо дарназардошти он аз тамоми онҳо даъват ба амал овардан дар самти маҳкум ва ҳисси нафрат нисбати хиёнаткорони миллат, дар ташакули идеологияи сиёсии онҳо мусоидат ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо яке аз масълаи муҳими рўз мебошад.

Баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ ҷонибдорони ин ҳизб бо ҳар роҳ мехоҳанд мавқеи аз даст рафтаи худро пайдо намоянд. Ҷонибдорони ин ҳизб тарафдори онанд, ки бо ҳар гуна роҳ бегуноҳии худро дар назди ҷомеа исбот намоянд. Аммо ҳамагон медонанд, ки сарварони ТЭТ ҲНИ ҳамеша ҷонибдори хоҷагони хориҷии хеш буда бо ҳаракатҳои ғайриқонунии худ маълум сохтанд, ки маҳз онҳо сабабгори асосии низоҳои дохилие, ки тайи солҳои 90-ум ба вуҷуд омада буд ба ҳисоб мерафтаанд.

Маълум аст, ки дар натиҷаи муборизаҳои дохилии ҷониби мухолифини кишвар ва махсусан роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳи мамлакат ҷони худро аз даст дода, беш аз як миллион аҳолии мамлакат гуреза шуда буданд.

Имсол мардуми тоҷик ҷашни 23-солагии Ваҳдати миллиро бо тантана таҷлил намуданд. Ин дар ҳолест, ки аҳолии мамлакат дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ зиндагоннӣ мекунанд. Аммо онҳое, ки дар натиҷаи хиёнат ба Ватан ва халқи худ бесарпаноҳ мондаву дар ғарибӣ умр ба сар мебаранд, пешравию тараққиёти босуръати кишвари худро нодида мегиранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд манфиатҳои сокинони худро ҳифз менамояд. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҳуқуқи мухолифи ҳукумат ё терррористоне, ки бо айби онҳо шаҳрвандони бегуноҳ зарар диданд ва ҷони худро аз даст додаанд аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бахшида шаванд. Яке аз чунин чеҳраҳои маъхуф собиқ  раиси ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирист, ки дар натиҷаи хиёнати бузург ба халқу ватани хеш имрӯз дар ғарибӣ умр ба сар мебарад. Аммо ӯ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ пайваста талош дорад, ки Ҳукумати конситутсионии Тоҷикистонро бо тӯҳмату бӯҳтонҳои беасос сиёҳ намояд. Аммо мардуми тоҷик имрӯз ба дараҷае расидаанд, ки сиёҳу сафедро аз ҳамдигар фарқ карда метавонанд. Мардум хуб медонанд, ки Кабирӣ кӣ буду ки ҳаст ва мақсади ӯ чист. Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик шукрона аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагонӣ доранд. Аз ин лиҳоз даъвоҳои беасоси Кабирӣ ягон натиҷа нахоҳад дод ва мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ ба фиребу найранги хоинони Ватан гирифтор намешаванд. Ҳаракатҳои ҷонибдорони Кабирӣ ба мақоли машҳури халқӣ давидани гӯсола то коҳдон” монандӣ дорад ва метавон гуфт, ки аз шунидани овоза ва тӯҳматҳои беасоси онҳо мардум безоранд ва медонанд, ки дар пайи ин садоҳо чи гуна мавқеъталабиҳо вуҷуд дорад.

Албатта ин гуна шахсони нафтаровари миллат боиси аз ҷиҳати манфӣ муаррифӣ шудани миллат буда, онҳо зеби ин ватани дорои сулҳу субот намебошанд аз ҳамин сабаб аз хориҷи кишвар ба худ паноҳ ёфта ҳанўз муносибатҳои қабехи худашонро нисбати кишвари мо хоҳиши изҳоркунӣ дорад. Албатта мо дар давоми кору фаъолият аз кирдорҳои шахсони мазлум низ боҳабар буда, ҳамеша тарафдори маҳкумии онҳо мебошем.

Абдувоҳидов М.ассистенти кафедраи

 ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like