Талаби нави мухолифин
Воқеаҳои охир дар кишварҳои Қирғизистону Белорусия шахсро бетараф гузошта наметавонад. Зеро қувваҳои ҷудоихоҳ ва иғвоангези замони имрўза, яъне ба ном мухолифин аз тамоми гўшаву канори дунё ҳодисаҳои нангини ин кишварҳоро тарафдорӣ менамоянд. Дар ин кишварҳо мардуми оддиро гумроҳ намуда, ҳадафҳои ғаразонаи худро гурўҳҳои мансабталош амалӣ намуданӣ мешаванд. Асоси ин ҳодисаҳои нангинро мансабталошии гурўҳҳои махсуси ба ном мухолифин, ки тарафдори ба истеъфо рафтани роҳбарияти олии давлат ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки аз истеъфои роҳбарияти давлату Ҳукумат ягон натиҷаи мусбӣ ба даст намеояд. Бояд тазаккур дод, ки барои чӣ агар роҳбари давлат ба истеъфо наравад бояд хунрезӣ шавад. Магар як мансаби олӣ ва ё курсӣ ба хуни инсон баробар шуда метавонад? Ҳаргиз не! Дар ин ҳолат мардумро, ки қувваи бузург аст нашояд ба манфиатҳои ғаразони худ ҷалб намуд. Барои мансаб шуда хуни мардуми бегуноҳро рехтан ин худ гуноҳи нобахшиданӣ мебошад. Мухолифини тоҷик низ дар ин самт андешаҳои ғаразони худро иброз намудааст. Онҳо ҳоло ҳам ақида доранд, ки мисли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ пешниҳодҳои беасоси инҳо низ амалӣ мешавад.
Дар Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардида буд амал менамояд ва дар асоси он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон арзиши олӣ эътироф гардидааст. Мухолифин боз даъво дорад, ки истеъфои раиси ҷумҳур амрест, ки дар Тоҷикистон ҳатто тасаввураш дар сари мардум ҷой намегирад. Ба андешаи “мухолифин” истеъфо роҳи ҳалли тамоми муаммоҳо буда метавонад, вале ин истилоҳ танҳо ба хотири мансаб асту халос. Инчунин мухолифин чунин мепиндорад, ки дар Тоҷикистон метавон гуфт аслан фарҳанги истеъфо нест ва ин истилоҳ зарурият ҳам надорад. Нисбати сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва дониши ҳуқуқӣ бояд гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин чиз ба хубӣ бархўрдор аст. Мухолифин бояд дар хотир дошта бошад, ки имрўз қариб сӣ сол мешавад, ки дар кишвари мо сулҳу салоҳи пойдор ҳукмрон асту ҳоҷат ба истеъфову, гирдиҳамоиҳо нест. Андешаи дигар дар ин раванд ба миён меояд, ки чаро мухолифин танҳо ҷонибдори беадолативу беинсофӣ мебошад. Мухолифини беинсоф ниятҳои беинсофона намуда мегўяд, ки рӯзе пои эътирозот ба Тоҷикистон ҳам мерасад ва мардум ба кӯчаҳо хоҳад рехт, дигар касе шубҳа надорад. Мардуми имрўзаи Тоҷикистон мардуми замони бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нест ва он истиқлол ва ваҳдати миллие, ки бо азобу машаққатҳои зиёде ба даст омадааст қадр мекунад ва намегузорад, ки аз тарафи душманони миллат ва хоинонаш ноором карда шавад.
Мирзоев А.Н. – сармуаллими
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ