Сӯҳбатҳои ба ном маҳрамонаи Кабирӣ

Панҷ соле ки сипарӣ шуд,  барои ҳамаи наҳзатиёни палиду хоҷагони хориҷиашон солҳои шармандагиву беобрӯӣ буд, ки аз ин тамоми ҷаҳониён огоҳ гардиданд. Метавон гуфт, ки солҳои бисёр ҳам ҳалкунанда ва ошкорбаёниву воқеънигорӣ буданд. Миллати ватандӯст тавонист, ки аз андешаҳои махфии баъзе ташкилотҳову гурӯҳҳо огоҳ гардад ва изҳори норозигӣ намояд ва зиддияти худро нишон диҳад. Пароканда намудани миллати баору номус ва фарҳангпарвар ва сари қудрат омадани хиёнаткорон мақсади онҳо аст.

Таҳлили солҳои гузашта нишон медиҳанд, ки асли онҳо бештар маълум шуда истодааст. Яъне, дар чанд мақолаи таҳлилии олимон ва рӯзноманигорон, ки ба чоп расиданд, исбот шудааст, ки аъзони ТТЭ ҲНИ душмани аслии миллати тоҷик ҳастанд ва зери парда истода, дар хизмати «балегӯёни хориҷияшон» мебошанд. Ва боз чанд рафтору гуфтори нодурусту душманонаи наҳзатиён ошкор карда шуд, аниқтараш парда аз чеҳраи наҳзатиёни хоини миллати тоҷик бардошта шуд.

Айни ҳол бошад, ин худозадагон эътирозҳои беасос ташкил намуда истодаанд. Имрўзҳо дар сомонаҳои интернети хоинон чунон дурўғу бўҳтонҳое ба давлати осудаву гул-гул шукуфон карда истодаанд, то ки ҷавонон ва халқи осударо роҳгум занонанд. Худозадагони ватанфурўш М.Кабирӣ ва дигарон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ  сабаби аслии ноамниву бесуботиҳо дар кишварро маҳз мақомоти Тоҷикистон эълон медоранд. Онҳо худ чор-панҷ нафаре ҳастанд, ки мехоҳанд авзои дар Тоҷикистон дар ҳолати ноамниву бесуботӣ қарор дошта бошад. Боқимонда, ҳамаи ниҳодҳо иҷрокунандаи фармони ин нафарон мебошанд. Онҳо чунон “ҷавонмард” ҳастанд, ки ба ҳам муросо карда наметавонанд ва  низоъ ба амал меоранд. Кабирӣ бошад, дар гуфтугўи телефонӣ бо як зан ору номуси мардии худро нишон дод, чунон дашномҳое намуд, ки бо шунидани он гўши кас мехоҳад кар дошаду нашунавад. Ин нафарон ба дараҷае иродаи мустаҳкам доранд, ки кас намедонад пагоҳ чӣ амале ба ҷо меоранд, чӣ гуна фикрҳои нав пайдо мешавад, киро душман меҳисобанд, чӣ гуна тўҳматҳои нав ирсол менамоянд, кадом фармонҳои нави хоҷагони маблағгузорашонро ба ҷо меоранд. Ғайбату бўҳтонҳои онҳо ба дили кас мезанад. Наход инсон то ин дараҷа беинсофу имонфурўш бошад, ба халқи худ хиёнат кунад. Аврупо- Ватан нест. Рўзе аз он ҷо низ пеш мекунанд. Рўзе дар назди Парвардигор албатта ҷавоб медиҳанд.

Амали душманони  миллатро маҳкум намуда, бар ин тоифаи бадкирдор, лаънат мехонем! Лаънат ба хоинон, ватанфурўшон ва худозадагон! Лаънат ба касоне, ки номи миллати тоҷикро ба хоки сиёҳ яксон мекунад. Лаънат ба ғайбатгарон ва аз пулу мол шикамсер, ки ниятҳои нопок доранд.

Дар ҳақиқат пулу мол шахсро “маст” мекардааст. Шахсе аз худ меравад, ки имон ва иродаи қавии мардона надорад.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, барои расидан ба ормонҳои миллат сулҳу субот ва амнияту гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон  – Тоҷикистон мунтазам саъю кӯшиш доранд.

Азимова Н.С.- н.и.п., дотсент, мудири кафедраи

фанҳои риёзӣ-табатшиносии муосир

You might also like