Баҳс миёни мухолифин ба ҳадаф нарасид

Давлате, ки соҳибистиқлол гардидаасту ба пешравию таракқиётҳои бузург ноил гаштааст, имрўзҳо дар атрофи он шахсони бадхоҳ ва душманони миллат  пайдо мегарданд, ки ба таҳлилу баҳодиҳии худсарона оғоз медиҳанд. Сиёсатмадорони сатҳи байналмилалӣ ҳодисаҳои сиёсии давлатҳои дигарро  таҳлил ва баҳогузорӣ менамоянд, ҳоло он ки таҳлил намудан, баҳо додан, дахолат кардан ба корҳои дохилии давлатҳои дигар аз рўи меъёрҳои ахлоқ ва ҳуқуқ нораво мебошад. Сиёсатмадорон баъзе фикру андешаи худро баён менамоянд, ки умуман ба мантиқ, ба воқеият, ба ақли солими инсони комил ва беғараз мувофиқат намекунад, зеро фарқ миёни таърихи ба дастоварии истиқлолияти давлатӣ, рўзҳои аз сар гузаронидаи мардум, муносибати роҳбарияти сиёсии кишварҳо ва муҳимтар аз ҳама эътиқод ва эътимоди аҳолии кишвар ба Президентҳои худ аз замин то осмон мебошад. Новобаста аз ҳама баҳси онлайнӣ миёни Муҳиддин Кабирӣ ва Додоҷон Атовуллоевро, наметавонад фикру ақидаҳои эшонро нисбати давлати пешрафти Тоҷикистону сарвари он дигар намояд. Баҳси рӯ ба рӯ ва кушодаи ин ду чеҳра дар расонаҳо  ба мардуми тоҷик то чи андоза душмани халқу пешраҷти миллат буданашонро шиносонид.

Бояд қайд кард, ки маҳз сиёсати хирадмандона ва талошу заҳматҳои пайвастаи   Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хавфи аз байн рафтани  давлатро дар солҳои  баъд аз ҷанги таҳмилӣ нигоҳ дорад. Бо мақсади  рушду инкишофи ҷомеа мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои   зиёд зоҳир  гардида,  тамоми кӯшишу ғайрат  ва ҳидояти  ин абармарди миллат  ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба  истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ,  ҳамзамон саноатикунонии босуръати   мамлакат дар амал тадбиқ гардида истодааст.  Имрӯз  тамоми шароит барои  рушди ҷомеа ва  истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт  гувоҳи  гуфтаҳои болост. Беҳуда нест, ки  мардуми мо  сарвари худро Президенти  мардумӣ ном наниҳоданд. Чунки он кас худ аз байни халқ баромада ба дарду ғами халқ шарик ҳастанд.

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19 –  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

Мардуми кишварамон  суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми  аҷдодӣ  баргаштанд  ва шахсан бо кӯмаки бевоситаи  Роҳбари давлат бо мақсади обод гардонидани  хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои  зиёде  ҷудо намуданд.

Билохира  27 июни соли 1997  имзои Созишномаи  Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи  ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ  Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз доштанд, ки он кас барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳанд кард. Бале, он кас яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат ҳастанд, ифтихор мекунад.

Ҳамин дӯстдориашон аст, ки халқ он касро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифаи олӣ арзанда мебошанд. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи Сарварамон сахт марбут аст.

Дар тӯли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи мавсуф ба ҳисоб меравад.

Амалҳо ва корҳоеро, ки Пешвоямон анчом медиҳанд бисёр ҳам дар ҳаёти мо накши муҳим доранд. Бо ёрии Сарвари азизамон дар чаҳон номи Точикистонро имруз мешиносанд. Мо ҳеч гоҳ ба гуфтаҳои беаклона бовар  намекунем, зеро арзандатар аз ин шахс ба унвони президенти вучуд надорад. Муҳтарам Президент, ва умуман ягон Президенти дунё, ба мардуми худ, чун ин оилаи уст, силоҳ намебардорад. Вакте, ки Эмомали Раҳмон якуминбор ба хонаи Худованди меҳрубонамон медароянд, он кас пул не,  модар не,  фарзанд не, зан не,  “халқамро Худованд нигоҳ дор” гуфта баромаданд. Ин аст сарвар!

Мирзоҷонова М.Қ. – н.и.ф., дотсент, мудири

кафедраи забони англисии ДДҲБСТ

You might also like