Аз зери нохун…
Мақолаи “Раҳмонов дар Чкалов …”, аз рӯйи навиштаҷоти муаллиф таърихи 26 сола дорад. Муаллиф ҳодисаҳои зикршударо нағз дар хотир доштаанд. Масъалае, ки дар мақола муҳокима шудааст “масъалаи хеле зарур, тақдирсоз” намудааст назар ба фикри муаллифи мақола. Мувофиқи гуфти нависанда сухан дар бораи вохӯриҳои интихобшавандагон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихобти соли 1994: он вақт Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ва Абдумалик Абдуллоҷонов бо интихобкунандагон дар шаҳри Чкалов (ҳозира Бӯстон), рафта истодааст. Аз гуфти муаллифи мақола маълум мешавад, ки “Дар шаҳри Чкалов (Бӯстон) аввалин гурӯҳҳои омадаҳо аз минтақаи ба ҳама маълум сар дароварда ба хариди хонаву муқимӣ шудан шурӯъ карда буданд. Мардуми таҳҷоӣ бо онҳо муносибати хуб надоштанд. Баъзеашон бо камону туфанг мегаштанд. Махсусан овардану паҳн карани нашъа ва афюну геройинро онҳо маҳз ҳамон солҳо сар карда буданд”.
Аз муаллиф пурсиданӣ ҳастам, ки ана ҳамин ҳолатҳоро, яъне ҳодисаву ҳолатҳои нангинро кӣ аз байн бурд, маҳв кард? Кӣ шаҳрвандони дарбадару гурезаашро аз Афғонистону мамоликҳои дигар баргардонд? Кӣ ҳаёти тинҷу оромро ба шаҳрвандони мамлакаташ таъмин сохт? Кӣ ҷинояткорону иғвогарон ва саркунандагони ҷанги бародаркушро авф намуда, ба онҳо боз аз нав барои ҳаёту фаъолият намудан имконият дод? Кӣ оши оштиро бо ҳамин хоинону ватанхаробкардагон ташкил намуда, ба онҳо ба гуфти русҳо боз як “шанс” барои меҳнати суботкоронаву хизмати шоиста барои халқу Ватан таъмин сохт? Кӣ роҳи дастраснамудани афюну геройинро решакан кард?
Маълум мешавад, ки нависандаи мақолаи зерин аз ҳамон солу замонҳо хабардор аст? Пас чаро ӯ фикр намекунад, ки ҳамаи ин ҳаёти орому осоишта, пешравиҳо, давлати демокративу дунявӣ, муаррифишавии Тоҷикистони офтобрӯй ба ҳама гӯшаву канори курраи замин, маҳз бо интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллатамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯйи суханони муаллифи мақолаи номбурдашуда: “Ҷавобҳои подарҳаво медод. Маълум шуд, ки русиро хуб балад набудааст. Дар пеши Раҳмонов ҳам саволҳои дар шпаргалкаҳо тайёркардаро гузоштанд. Ӯ варақҳоро титу пит мекард, саволҳоро мехонд, саволи осон мехост, ки шпаргалкаҳоро таҳурӯ мекард, чандтоашро ҳам хонд. Дид,ки ҷавоб дода наметавонад, ақлаш ба ҷавобҳо намерасад ва дар ҳолати ногуворе қарор гирифта аст” ва ғайраву ва ҳоказо.
Муҳтарам рӯзноманигор, муаллифи ин суханони дар боло зикршуда, ман аз шумо пурсиданӣ ҳастам, ки чунин шахси сухангуфтанаметавонистагӣ чаро дар ҳар вохӯриҳояш сӯҳбатҳои самимию бомазмун, насиҳатҳои падарона, хотиротҳои рангину таъсирбахш мегузаронад.
Ман низ мисли Шумо дар чандин вохӯриҳо бо Пешвои муаззами халқамон, бо Ҷаноби олӣ ҳузур доштам. Ҳар дафъа таъсуроте, ки ман аз сӯхбаҳои баъд аз баромади расмиашон, оросташударо мегирам, дер фаромӯш карда наметавонам. Дар онҳо оиди оддитарин рӯзҳои кориашон, ки дар рӯзҳо вазнинтарини Ватанамон рух дода буданд, суханронӣ мекунанд. Дар ин гуна лаҳзаҳо ҳамаи хавфу хатари дар он солҳо аз сарашон гузаштаро не, балки бо киҳо вохӯриҳову шартномаҳо бастанашон оиди таъмини озуқаву доруворӣ, лавозимоти мактабу интернатҳо, хонаи маъюбону сағирахонаҳо баён мекунанд, чи хел корҳо иҷро шудаву чӣ қадар беваву бечораҳо бо мадади давлат ба мақсадҳои худ расида буданд ва ғайраву ва ҳоказо нақл мекунанд.
Аз чашми Пешвои муаззам чизҳои оддитарин ноаён намегузарад. Масалан, дар яке аз вохӯриҳо Сарвари давлат бо як баромадкунанда, хонандаи мактаби миёна, аълочии хониш, ки аз дасти Президентамон тӯҳфаи хотиравӣ мегирифт, дар хотирам нақш бастааст. Он рӯз Эмомалӣ Раҳмон дурудароз ба хонанда табассумкунон сухан гуфта, ба китфаш падарвор тап-тап зада, тӯҳфаашонро супориданду хонанда бо табассуму миннатдории самимона ба ҷояш рафта нишаст. Ҷаноби Олӣ ба вазирони дар толорҳузурдошта як-як нигоҳ карда, чунин сухан карданд: “Ман тайи 4-5 сол то орому осуда шудани Тоҷикистон ба сару либоси худ аҳамият ҳам надодаам, бо ҳамон як либос ҳар рӯз ҷамоат ба ҷамоат, ноҳия ба ноҳия, маҷлис ба маҷлис гаштааму чӣ хел рӯз ва чӣ хел шаб шуданашро нафахмиадаам ҳам. Аз утоқи кориам саҳар баромада мерафтаму нисфи шаб омада, дар ҳамон ҷой пас аз иҷрои корҳоям дар дивани кориам хуфтаву хестаам. Баъди чанд соли вазнинӣ ба дигар шаҳру мамлакатҳои хориҷа сафар намуда, баъд диққат додам, ки мардуми онҳо чӣ гуна либос мепӯшанд. Ҳоло ман ба хонандаи азиз тӯҳфаамро супорида, маслиҳат додам, ки бо костюми сиёҳ ҳатман ҷоруби сиёҳчатоб пӯшад. Зеро ин мувофиқи талаботи этикети либоспӯшӣ мебошад”.
Ман аз суханони самимӣ ва падарвор гуфтаи Президентамон мутаасир шудам, чунки ин суханонро фақат шахси ба фарзанду халқаш дилаш месӯхтагиву масъул гуфта метавонисту халос.
Барои ҳамин ба ҳама суханони навиштаи мақолаи дар болозикршуда гуфтаниам, “Ҳайфам ба шумо меояд, ки вақтатонро сарф карда, суханҳои пучу бемазаатонро рӯйи қоғаз овардаед”. Зеро ман нафарони русзабонеро, ки аз шаҳри Бӯстон ҳастанду барои Президенти муаззам ҷонашонро бе ҳеҷ чуну чаро видо карда метавонанд, бисёр медонам, ки ба ҳар яки онҳо Сарвари давлатамон ёрии амалӣ барои ташкили шароити муфиди корӣ, кушодану ташкил намудани лагерҳои истироҳатии мактаббачагон, ташкилу таҷҳизонидани утоқҳо барои синфҳои русӣ, барои пиронсолони яккаву танҳои ш. Бӯстон, ки фарзандонашон ба Русия кӯчида рафтаанд, ёрии моддиву маънавӣ расонидананашон ва ғайраву ва ҳоказоро бисёр мисол овара метавонам.
Мирзоева Д.Д. – н.и.ф., дотсенти мудири
кафедраи забони русии ДДҲБСТ