Ислоҳ.нет бояд аввал наҳзатиёнро ислоҳ кунад!
Ҷаҳони муосир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, гоҳо ба амвоҷи афкору андешаҳои иртиҷоӣ дучор мешавад. Равия ва ҳаракату азҳобҳои ифротӣ, барои халалдор шудани амнияту суботи Тоҷикистони азизамон аз ҳама имкониятҳо истифода карда, мехоҳанд дар байни халқи меҳнаткаше, ки ба ободкорию созандагӣ машғул мебошанд, шароити муташаниҷ муҳайё намоянд. Мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддинро мутолиа карда, ба хулосае омадам, ки ў мехоҳад аз ҳар як суханҳои шахсони масъули ҷумҳурӣ камбудие ёбад, аз он ба хулосаҳои ба манфиати худ мувофиқ меояд.
Дар ҳақиқат Муҳиддин Кабирӣ бояд ба гуноҳҳои худ иқрор шуда, дар назди халқи тоҷик ҷавоб диҳад. Даст доштани ифротиёни назҳатиро дар фитнаҳои фоҷиабори феврали соли 1990-ро садҳо шоҳид тасдиқ мекунанд. Тири онҳо хок хўрду онҳо натавонистанд қудратро ба даст гиранд. Аз хамон вақт сар карда ба ҳама роҳу усулҳо истифода карда мехоҳанд ба сари қудрат оянд.
Имрўзҳо як гурўҳи онҳо берун аз ҷумҳурӣ қарор дошта, аз он ҷо бо ҳар роҳ ба амнияти мо халал расонидан мехоҳанд. Чанде пеш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон як гурўҳи калони аъзоёни террористию-экстромистии «Ихвон-ул-муслимин» дастгир карда шуд. То он даме, ки берун аз ҷумҳурӣ Кабирӣ барин шахсон кору фаъолият мебаранд, гурўҳҳои гуногун мехоҳанд барои барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ кўшиш мекунанд. Аз ҳамин сабаб, бояд М.Кабирӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуда, дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Он мамлакатҳое, ки ҳоло ба М.Кабирӣ паногоҳ дода ўро дастгирӣ мекунанд, бояд аз ин кори худ даст кашанд ва барои дастгир намудан ба ҷавобгарӣ кашидани Кабирӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии амалӣ расонанд.
Моён, устодон ва кормандони кафедраи фанҳои риёзӣ-табиатшиносии муосир бо мазмуни мақолаи М.Садриддин шинос шуда, онро пурра маҳкум мекунем. М.Садриддин бо ҳар гуна тўҳмату суханҳои пуч мехоҳад иззату обрўи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст занад. Аммо халқи тоҷик ба чунин суханҳо бовар намекунанд ва бо меҳнати созандаю ободкории худ ба он мекўшанд, ки Тоҷикистони биҳиштосоӣ мо боз ҳам зебо гардад. Халқи тоҷик дигар намехоҳад, ки ваҳдати ба дастомадаро вайрон созад. Ба қадри осудагию тинҷигии кишвар расида ба он шукрона мегўянд.
Изҳороти Юсупов С. – сармуаллими кафедраи
фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ