Аввал гиребони худ бояд бўй кард пеш аз гилаи номардона, ё худ чанд андеша оид ба наҳзатиёни хиёнаткор

Таърих ба мо гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо рӯзҳои сахту сангинро паси сар намуда бошад ҳам, дастоварду фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони аслии модарӣ, илму адабиёти оламгирашро ҳаргиз аз даст надодааст. Зеро фазои Истиқлолият ба ҳар яки мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дуруст интихоб намоем. Мафҳуми истиқлолияти сиёсӣ барои мо рамзи олии ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати созанда ва нишондиҳандаи талошу фидокории расидан ба мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро кушода намуда, меъёри расидан ба ҷомеаи демократию шаҳрвандиро таҳким бахшид. Ғайр аз ин истиқлолияти сиёсӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ғояву ормонҳои таърихӣ, ҳуҷҷати байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли тоҷикони дунё ба ҳисоб меравад.

Ба ин маънӣ куллӣ сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки соҳиби давлату соҳиби Роҳбари арзандаи миллат ва соҳиби рамзҳои давлатӣ – парчам, нишон ва Суруди миллӣ ҳастем. Аммо садҳо афсўс, ки имрўзҳо гунаҳкорони ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар худ ниқоби Ислом ба бар намуда, таъмини амнияти милливу давлатиамонро халалдор намуданианд. Инҳо худро ба ном «соҳибони дину мазҳаб» ва ё ба гуфти худ «опозисиун» ва «мухолифин» метарошанд, ки ҳайфи ин номгузорӣ ҳастанд.

Аввал саволе ба миён меояд, ки онҳо мухолифи кӣ ҳастанд? Мухолифи миллати худ, бародари худ, ватани худ ва ё худро соҳиби дину мазҳаб метарошанд, магар аз дину оин хабар надоранд? Албатта хабар надоранд, акси ҳол, хиёнаткор намебуданд ва даст ба фисқу фасод намезаданд.

Дуюм, мо намефаҳмем ин гурўҳи ба гуфти онҳо «Паём нет» – ро, ки магар дигар коре наёфтаанд ва ё бекор мондаанд, ки даст ба иғвоандозӣ мезананд? Имрўз бошад дону нодон дасти нопоки худ ба ҷашнгириҳои гуногун мезананд? Ростӣ, худ иқрор шудед, ки ҷашне, ки солҳову садсолаҳо фаромӯш шуда буд, бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон дубора зинда гардид. Ба шумо низ маслиҳат медиҳем, ки аз сари компютеру интернети хоҷагонатон дода бархезеду мардонавор меҳнат намоед, на иғво! Шармандагӣ аз ин зиёд намешавад, ки нисбати ҷашни идҳои аҷдодиамон норизогӣ баён медоред?

Изҳороти кафедраи ҳуқуқи

гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ

You might also like