Дар ғафлат намонем!

Хушбахтона тайи солҳои истиқлолияти комили сиёсӣ фазои илмии ҷомеа беҳад хуб гашта, ҳамаи имкониятҳои барои илмомӯзӣ ва донишандӯзии хонандагон, донишҷӯён, олимони ҷавон ва минҷумла аҳолии мамлакат фароҳам омадааст. Солҳои аввали истиқлолият дар натиҷаи сар задани ҷанги дохилӣ соҳаи илму маориф низ ба бӯҳрони фикриву молиявӣ кашида шуда, хонандагон ба дарсҳо ва устодон ба муассисаҳои таълимӣ ҳозир намешуданд. Хушбахтона баъди имзои сулҳ ва сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат боис гардид, ки фазои илмии кишвар ба беҳбудӣ равона гардад. Яке аз анъанаҳои неку судманде, ки тайи даҳсолаҳо амалӣ мешавад, ин аввалан бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидани соли нави таҳсил бошад. Пас дигар он аст, ки таваҷҷӯҳи роҳбари давлат ба олимону устодон бағоят зиёд буда, ҳамасола дар арафаи Наврӯзи аҷам бо зиёиёну олимон сӯҳбати хоссае бунёд мекунанд ва масъалаи рушди илму техникаи мамлакатро мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Президенти кишвар зимни баромади худ дар дарси сулҳ ва рӯзи дониш бобати сулҳу оромӣ сухан карда чунин қайд намуданд: «Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми хонандагону донишҷўён ва ҷавонони кишвар хотиррасон месозам, ки мо ба шарофати иродаи қавӣ ва рўҳи шикастнопазири халқамон ва бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони шуҷои миллат барои хушбахтӣ ва рўзгори босаодати халқамон ҷон ба гарав гузошта, истиқлолияту озодии Тоҷикистон ва якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намудем, давлати ҷавони худро аз хатари нобудшавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот додем.»

Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба мероси гузаштагон дар ин замина рушди босуботи кишвар ва расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар аз дастовардҳои беназири анқариб 30 соли Истиқлолият аст, ки дар суханронии  Пешвои муаззами миллат  ироа гардид. Ба таъбири Сарвари давлат имрӯз ҷаҳон дар остонаи тағйиротҳои бузурги сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошта, ба аҳли илму адаб муроҷиат намуда, баён доштанд, ки «Мо бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, яъне дар ғафлат намонем, кишвар ва мардуми худро аз таъсири хатарҳои замони имрўза эмин нигоҳ дорем, барои ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, инчунин забон, таърих, фарҳанг, расму оинҳо ва дигар арзишҳои миллӣ ҳамеша омода бошем».

Дар ҳақиқат вазъи ҷаҳони имрўз касро дар шигифт гузошта, водор месозад, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри якпорчагии Модар-Ватан ва сулҳу субот мубориза барем. Дар фазои маҷозӣ, ки душманони миллат аз хориҷ истода ҳаргуна суханҳои подарҳаворо нисбати сиёсати кунунии давлати мо баён медоранд вокуниши дандоншикан диҳем. Рисолати шаҳрвандии худро иҷро намоем.

Хушбахтона дар муҳити имрӯзаи мо ҳастанд шаҳрвандоне, ки нисбати сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат бетарафиро касб накарда, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ садо баланд мекунанд. Онҳоро мардум ва таърихи миллат мешиносад ва бо хатҳои заррин навишта мешавад. Пас яке аз вазифаҳои кунунии аҳли илму адаб ва олимону устодон ин дар байни ҷавонону хонандагон ва донишҷӯён шавқу ҳаваси илмомӯзӣ ва аз худ кардани донишҳои замонавиро бедор ва тарғиб кардан аст. Дар ин ҷода соли дуюм аст, ки озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба монанди “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон-ватани азизам» дар сатҳи баланди ташкилӣ доир мегардад. Маҳз хонандагону шаҳрвандони баилму дониши мо иштирокчии ин озмуни илмӣ гардида, на танҳо илму дониши худро сайқал медиҳанд, балки дар фазои илмии ҷомеа аз худ дарак дода, ҳам ном ва ҳам соҳиби ҷоизаву мукофотҳои пулӣ соҳиб мегарданд.

Мо-аҳли маорифчиён  аз Пешвои муаззами миллат хеле сипосгузорем, ки дар ҳар баромаду суханроҳои худ бо аҳли илму адаб  дар хусуси хондани асарҳои бадеӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар қатори забони давлатӣ ҳарф мезаданд, ки ин як таконе мешавад барои наврасону ҷавонон ва омўзгорони муассисаҳои илму адабӣ, то нисбати бедор кардани шавқи китобхонӣ бетараф набошанд.

Инсоне, ки бо илму дониш мусаллаҳ гаштааст, онро ба роҳи ифротиву ғайриқонунӣ тела дода намешавад. Маҳз ҷомеае, ки сатҳи миёнаи аҳолӣ дорои маълумоти илмӣ бошанд, он ҷомеа ба нишондиҳандаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ноил мегардад. Сирри рушди давлатҳои Аврупо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ асосан рӯйоварӣ ба нерӯи зеҳнии инсонӣ унвон мекунанд. Ҷомеа, ки нерӯи зеҳнӣ самаранок истифода мешавад, он ҷомеаи рӯ ба тараққӣ ҳисобида мешавад.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like