Ҳамгироии илмӣ-таълимӣ дар фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ

Таҷрибаи фаъолияти донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон собит менамояд, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҷаҳон ташкил ва баргузор намудани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳову ихтисосҳои таълимӣ маҳсуб мешавад. Дар ин замина баргузор намудани онлайн вохӯриву ҳамоишҳо дар ин мавзӯъ мувофиқи мақсад мебошад.
Давоми се рӯз мешавад, ки дар Донишгоҳи давлатии Ҷалолободи Ҷумҳурии Қирғизистон онлайн-аккредитатсияи байналмилалӣ ҷараён дорад. Дар кори ин чорабинии байналмилалӣ коршиносону олимон ва мутахассисони варзидаи донишгоҳҳои бонуфузи минтақаву ҷаҳон тариқи реҷаи онлайнӣ ширкат варзиданд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Даврон Бобоҷонов дар ин чорабинии байналмилалӣ ба ҳайси коршиноси Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ширкат намуда, перомуни баҳодиҳии барномаи таълимии иқтисодиёт аз рӯи самтҳои молия ва қарз ва баҳисобгирии буғалтерӣ, таҳлил ва аудит андешаронӣ кард. Дар идомаи онлайн-аккредитатсия коршиносон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон дар самтҳои мухталифи фаъолияти Донишгоҳи давлатии Ҷалолобод изҳори назар карданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинии байналмилалӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани раванди таълим арзёбӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки онлайн-аккредитатсия бо ташаббуси Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ташкилу баргузор карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like