Сиёсатшиносони нав ё «ғамхорони миллат»
Санаи 11 –уми октябри соли равон нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қисмати бештари аҳолии кишвар ҷонибдорӣ менамоянд. Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори пуртаҷриба, сулҳпарвар, ободкор, ғамхори давлату миллат ва эҳёкунандаи фарҳаги миллии тоҷиконро дарёфтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон дар фикри сарҷамъу муттаҳид намудан, пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ба рўзҳои нек расонидани миллати тоҷик буданд ва имрўз низ ҳастанд. Эҳё намудани фарҳангу тамаддуни аждодони халқи тоҷик яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, зеро бо эҳё намудани фарҳанги хеш мо ба ҷаҳониён тамаддуни бойи гузаштагони худро муаррифӣ менамоем.
Аз нигоҳи мо чунин сиёсати эҳёнамоии фарҳаргиро дар равандаи ҷаҳонишавӣ ба роҳ мондан хеле саривақтӣ мебошад. Зеро мо имрўзҳо мушоҳида мекунен, ки яке аз сабабҳои сарзадани ҷангу низоъҳҳо дар баъзе кишварҳо ин пеш аз ҳама таъсири тамаддуни бегона ва дур шудан аз аршишҳои мллӣ ва истодагарӣ накардани арзишҳои миллӣ бо арзишҳои ғайримиллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин асно мо метавонем баъзе кишварҳоро мисол орем, ки бо вуҷуди доштани давлати дунявӣ (демократӣ) ба арзишҳои миллии худ таваҷҷуҳи калон доранд. Дар миёни ин кишварҳо мо метавонем Ҷумҳури Ҷопонро мисол орем, ки дар масъалаи посдорӣ ва риояи арзишҳои миллии хеш сайу талоши зиёд мекунад. Ҳол онки сохти давлатдории онҳо дунявӣ ба ҳисоб меравад. Чунин ҳолатро дар дигар кишварҳо низ мушоҳида намуданд мумкин аст, зеро на ҳама арзишҳои дунявӣ, ки хоси як миқтақа аст ба дигар минтақа мувофиқат мекунад.
Лекин мутасифона ҳастанд шаҳрвандони гумроҳшудаи кишвари мо, ки худро “сиёсатшинос ва ғамхори миллат” нишон дода, доир ба баргузории баъзе ҷашну маросимҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (мутасифона аз ҷониби шарҳвандони гумроҳ гаштаи кишвар) ва презинденти кишвар, ки ба ҷонибдориаш зиёда аз 92% аҳолӣ овоз додаанд ҳар гуна суханҳои пасту қабеҳ навиштаанд. Чунин амалу рафтори онҳо нишони дур шудан аз арзишҳои миллии хеш ва рў овардан ба аршишҳои бегона бо мақсади амалӣ намудани манфиатҳои шаҳси мебошад.
Ин гурҳи роҳгумгаштагон, ки бо роҳбарии М. Кабирӣ даъвои ба даст овардани ҳукумат мекунад, баъд аз гузаштани интихобот дарк намудан, ки ҳамаи меҳнатҳои шабонарўзӣ кашидаи онҳо дар давоми чанд соли охир, яъне бо сиёҳ ва бадном намудани ҳукумати имрўза ва роҳбари давлат ягон натиҷае надод. Акнун онҳо чи кор карданашонро дигар надониста чун пешина ба пасту бадном кардани ҳукумат ва сафсатагўи шурўъ намуданд.
Ҳол он ки онҳо медонанд, ки ин сафсатаи онҳо дигар ба касе таъсир намекунад ва касе ба онҳо аҳамият ҳам намедиҳад. Лекин аз дигар ҷониб онҳоро низ фаҳмидан мумкин аст. Онҳо бояд барои пеш бурдани зиндагияшон дар хориҷи кишвар коре ёфта маблағе дарёфт кунанд. Вале онҳо ба ҷуз паст задани давлату миллати хеш дигар ягон ҳунар надоранд. Бинобар ҳамин барои то интихоботи дигар зиндаки кардан сармоягузорони нав дарёф намуданашон даркор. Аз ин лиҳоз бо навиштани чунин мақолаҳо нисбати сарвари давлат ва ҳукумат онҳо мехоҳанд шахсони ба ин масъла ҳавасмандро дарёф намоянд.
Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ