Дарси намунавии вилоятӣ дар литсейи ДДҲБСТ

Солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз тарафи насли наврас аҳамияти хоса медиҳанд. Ба тавсиб расидани Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи ин гуфтаҳост.

Ҷиҳати амалигардонии Барномаи мазкур дар литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 22.10.2020 дар синфи 11 дарси намунавии вилоятӣ аз фанни забони русӣ дар мавзӯи “Буревестник революции” таҳти роҳбарии омӯзгори пуртаҷриба, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамбоева Гулбаҳор дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар дарс меҳмонон – Яқубова Муаттара Гафизовна – мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, Устобоева Зебохон – омӯзгори пуртаҷриба, волидайни хонандагон ширкат варзиданд. Дарс тибќи талаботи дарси мосир, дар асоси Барномаи салоҳиятнокӣ ва истифодаи усулҳои фаъоли таълим гузаронида шуд. Дар оғози дарс аз тарафи омӯзгор моњият ва њадафи дарс гузошта шуд ва  хонандагон дар интиҳо бояд ба саволи – Маънии ҳаёти инсон дар чист?, Қаҳрамонӣ чист? ҷавобҳои саҳеҳ медоданд. Хонандагон оид ба ҳаёт ва фаъолияти адиби барҷастаи рус, Асосгузори адабиёти муосири рус Максим Горкий маълумотҳои ҷолиби диққатро пешниҳод намуда, вобаста ба мавзӯъ Диаграмма Вена, синквейн, ҳуҷуми фикриро гузарониданд.

Дар раванди машѓулия ба тарбияи ватанпарастӣ, инсондӯстӣ, ахлоқӣ-маънавии хонандагон диққати махсус дода шуд. Хонандагон тавонистанд, ки аз ин дарс хулосаҳои заруриро бароварда, пешниҳод намоянд: – инсон бояд дар ҷамъият ҳамеша некӣ кунад, баҳри хизмати Ватан ва халқи худ доимо омода бошад.

Гузаронидани чунин дарсҳо давоми соли таҳсил дар литсейи ДДҲБСТ дар назар гирифта шудааст. Дар охир, мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муаттара Яқубова баромад намуда, ба фаъолияти хонандагон баҳои баланд дод.  Инчунин, муовини директор оид ба корҳои таълими литсей Рустамов Рустамҷон баромад намуда, ба меҳмонон барои ташрифашон изҳори сипос намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like