Сovid-19 танҳо мушкилоти Тоҷикистон нест

Пайдоиш ва паҳн гардидани пандемияи COVID-19 барои тамоми ҷомеаи башарӣ баробари чанд хатарҳои ҷаҳонӣ таъсири бузурги ҷониву молиро пеш овард. Аз хатари ин беморӣ ягон кишвар дар канор намонд ва ҳамаи давлатҳо барои пешгирии паҳншавӣ ва табобатии бемории COVID-19 чораҳои зарурӣ андешиданд. Дар ҷаҳон шумораи гирифторони беморӣ ва аз сабаби бемории мазкур фавтидагон рӯз аз рӯ зиёд шуда истодааст. Мутобиқи баъзе сарчашмаҳо шумораи мубталоён ба ин беморӣ дар Русия дар як шабонарӯзи охир аз даҳ  ҳазор бештар мебошад. Хулоса, давраи дуюми паҳншавии беморӣ барвақт муайян шуда буд, он дар баъзе кишварҳо ба назар мерасад.

Дар Тоҷикистон баъди пайдо гардидани ин беморӣ ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд ва он таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ мунтазам фаъолияти худро идома дода истодааст. Дар кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла дар Тоҷикистон беморӣ пурра аз байн нарафтааст ва хатари он аз мадди назари ягон кишвар дур нест. Ҷиҳати пешгирии бемории мазкур аз ҷониби ситоди ҷумҳуриявӣ, вазорати тандурустӣ ва дигар мақомотҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Ҳатто Роҳбари давлат дар ҳар баромаду мулоқоти худ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъкид менамоянд, ки «нисбати бемории COVID-19 набояд шӯхӣ кард», зеро ҳар нафар метавонад ба ин беморӣ гирифтор шуда, ҳаёти хеш ва атрофиёнро зери хатар гузорад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани мавҷудияти бемории мазкур, ба таври қатъӣ аз тамоми сокинон даъват намуд, ки талаботҳои заруриро ҷиҳати пешгирии бемории мазкур риоя намоянд. Ҳамин тавр, тамоми сохтору мақомотҳои давлативу ҷамъиятӣ барои риояи чораҳои пешгирикунанда корҳои назаррас анҷо дода истодаанд.

Дар чунин шароит мутаассифона боз ҳам душманони миллату давлат мехоҳанд бо ҳар баҳона номи кишварро сиёҳ кунанд. Баҳонаи охирини онҳо ин аст, ки гӯё як моҳ пеш баргузор шудани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон сабаби паҳн гардидани бемории COVID-19 мешуда бошад. Кӣ ба ин суханҳо бовар мекунад? Охир имрӯз дар Тоҷикистон тамоми муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъолият доранд ва шаҳрвандон бо риояи ниқоб ва дигар чораҳои  антисептикӣ корҳои худро пеш бурда истодаанд. Бинобар ин бо риояи чораҳои пешгирикунандаи COVID-19 баргузор шудани интихоботи президентӣ барои паҳншавии бемории мазкур ягон асос шуда наметавонад. Баъдан, масъалаи он, ки як моҳ пеш баргузор шудани интихоботи президентӣ гӯё ба манфиати кори номзад аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошад, ин ҳам ягон асос надорад. Зеро, мардуми Тоҷикистон хоҳ як моҳ пеш ва хоҳ як моҳ пас боз ҳам он номзадро интихоб мекунад, ки сулҳу оромӣ ва пешрафти ояндаи кишварро кафолат дода тавонад. Мисол, чанд рӯз пеш банда шоҳиди он будам, ки ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагони ҷамоатҳои шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт чанд нафар аз сокинон шахсан худашон ваъда доданд, ки онҳо ба номзади ҲХДТ овоз медиҳанд ва дар қатори номзадҳо ба мансаби президент мисли ӯ ягон номзади соҳибтаҷрибаву шахсияти маъруфи сиёсиро намебинанд. Воқеан, ҳамаи мо хуб медонем, ки аз соли 1992 то имрӯз дар давраи Роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба кадом дастовардҳо ноил гардид. Бо роҳи муқоисанамоӣ дидан мумкин аст, ки сатҳи зиндагии мардум дар кадом сатҳ буд ва ҳоло дар кадом сатҳ қарор дорад.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон ва мардуми кишвар ба мисли дигар кишварҳо ба худ хос мушкилотҳои гуногун дорад. Ҳалли онҳо аз ҳар нафар шаҳрванд заҳмату кӯшишҳои зиёдро талаб менамояд. Аммо, ин ҳеҷ гоҳ ба маънии он нест, ки сабаби он гӯё дар сари қудрат қарор доштани кадом як мансабдор бошад.

Мо хуб медонем, ки барои пешрафти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, таҳкими суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар чунин шароити ҳассоси геополитикии ҷаҳон таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва муттаҳидии мардуми кишвар барои дар оянда пеш рафтани Тоҷикистон заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like