Фанои Паймону Анҷумани ба ном озодандешон

Рўзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари аз Анҷумани озодандешони тоҷик, ки яке аз созмонҳои муассиси Паймони миллии Тоҷикистон ба шумор меравад истеъфо додани ду шахсияти калидӣ чун Равшани Темуриён ва Ҳаким Рабимпур баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Ин ду нафар бо баёни норизоияти худ аз ин Анҷуман, ки зери таъсири наҳзатиён мондааст хориҷ гардиданд. Чунин амали онҳо бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Паймони миллӣ як созмони маҳдуди сиёсӣ буда, абзори наҳзатиён барои муборизаи сиёсӣ аст. Дар воқеият ин паймон ҳеҷ гуна гуногунӣ ва ба ҳам омадани нерўҳои мухталифи сиёсиро фаро намегирад, ки тирагии нақши Анҷумани озодандешон дар таркиби Паймони миллӣ аз он дарак медиҳад.

Чунин хосият доштани паймонро ҳанўз аз замони ташкили он таҳлилгарони зиёде баён намуда буданд, ки он тарҳи ТЭТ ҲНИ аст ва танҳо бо номи нав дар майдони муборизаҳои сиёсӣ ворид шудааст. Ҳатто баъзеҳо ба ин паймон ИНОТ-2 номгузорӣ намуда буданд. Дар он замон бархе коршиносон ин ду рўзноманигорро аз он огоҳ карда буданд, ки дар дохили Паймони миллӣ анҷумани шумоён танҳо як ниҳоди расмӣ мемонад ва шумоён дар тасмимгирӣ ягон нақше гузошта наметавонед. Дар дохили паймон шумоён ба як василаи машрўиятбахшӣ ба ин созмон нақш мегузореду халос ва дигар ҳеҷ нуфузу обруе нахоҳед дошт. Нафарони таҷрибадошта ин мавқеъгирии анҷуманиҳоро ҳамчун хатои ҷиддӣ шуморида, чунин баён доштанд, ки ТЭТ ҲНИ дар муборизаҳои сиёсии худ зиёд аз чунин механизмҳои коалитсионӣ истифода кардааст ва дар ҳама ҳолат мавқеи нерўҳои дигарро маҳдуд кардааст. Дар ҳама ҳолат нерўҳои дигарро ҳамчун абзори расидан ба ҳадафҳои хеш қарор додааст ва Паймони миллӣ низ аз ҷумлаи чунин коалитсияҳои наҳзатигарост. Аммо дар он замон аъзоёни Анҷумани озодандешон чунин гумон мекарданд, ки анҷумани онҳо ва худи онҳо дар доираи Паймони миллӣ нақши муассир гузошта метавонанд, бехабар аз он ки ба як василаи сиёсии ТЭТ ҲНИ табдил шудаанд.

Аслан гирем, хосияти наҳзатгароии Паймони миллӣ аз рўзи аввал аз худ дарак медод, зеро яке аз ташаббусгарони он роҳбарияти ҲНИ буд ва ба садри ин Паймон расидани раиси ин созмон ба таври равшан аз ин дарак медод. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳамагуна коалитсияҳо наҳзатиён мехоҳанд мавқеи аввал дошта бошанд ва дигар нерўҳоро барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода намоянд. Агар чунин нест пас чаро ҳангоми созмон додани «Паймони миллӣ» (паймони ғайримиллӣ) роҳбарияти онро ба ягон шахсияти дигаре надоданд, ки симои мусбат дар фазои сиёсӣ дошта бошад. Фаъолияти ин Паймон нишон дод, ки он барнома ва самтгирии наве надорад, андешаҳои созандае ироа намекунад, андеша ва мавқеъгирии дигарандешонро ифода намесозад ва дар он фақат «ранҷишҳо»-и наҳзатиён аз ҳукумат ва  ҳадафҳои сиёсиву ҳокимиятхоҳияшон инъикос меёбад.

Пас аз ду соли фаъолияти Анҷумани озодандешон дар таркиби Паймони миллӣ баъзе аз аъзоёни он ба монанди Ҳаким Рабимпур ва Равшани Темуриён ошкор намуданд, ки роҳи интихобнамудаашон иштибоҳ буд. Онҳо дарк карданд, ки обруву симои онҳо барои муборизаҳои сиёсии ҲНИ мавриди истифода қарор гирифт. Андешаву мавқеъгирии онҳо дар доираи Анҷумани озодандешон зери таъсири наҳзатигардонии муборизаи сиёсӣ зери суол қарор гирифт ва чунин ҳолат онҳоро водор намуд, ки тарки ин анҷуман созанд. Фаъолияти инҳисоргароёнаи наҳзатиён бори дигар собит сохт, ки онҳо дар ягон ҳолат ҳангоми дар коалитсия қарор доштан бо дигар нерўҳои сиёсӣ ба принсипҳои ҳамкорӣ содиқ намемонанд ва ҳангоми зарурат он нерўҳое, ки ҳамсафари онҳо гашта буд ба ҳоли худ мегузоранд ва тарки онҳо месозанд. Таҷрибаи аъзоёни хориҷшуда аз Анҷумани озодандешон аз он шаҳодат медиҳад, ки Паймони миллӣ дар ягон ҳолат ба принсипҳои демократӣ содиқ набуд ва то он замоне, ки инҳисори наҳзатиён дар он ҷой дорад ҷавобгў ба меъёрҳои демократӣ низ немегардад. Шояд таҷрибаи пушаймонии Ҳаким Рабимпур ва Равшани Темуриён ба нафарони дигаре низ дарси ибрат гардад, ки думболи Паймони миллӣ нагарданд ва ба абзори сиёсии дигарон табдил наёбанд. Таҷрибаи кору фаъолияти онҳо дар Анҷумани озодандешон ва дар сохтори Паймони миллӣ як таҷрибаи талхи ҳамкорӣ ва ҳамнишинӣ бо ҲНИ аст, ки оқибат пушаймонӣ оварду халос.

Таҷрибаи онҳо бори дигар нишон дод, ки ба Паймони миллӣ ҳамчун як нерўи созанда ва ҷиддӣ боварӣ намудан комилан хато мебошад. Аз ин рў ба ҳамаи нафароне ки имрўз фиреби Паймони миллиро хўрда истодаанд зарур аст, ки лаҳзае биандешанд ва аз худ бипурсанд, ки чи ҳолате Ҳаким Рабимпур ва Равшани Темуриёнро водор ба он сохтааст то тарки Анҷуман ва Паймони миллӣ кунанд. Вақте нафароне, ки дар ташкили Паймони миллӣ ва тарғиби ҳамаҷонибаи он саҳмгузор буданд, бо тамоми талошҳояшон аз он дифоъ мекарданд имрўз аз он безорӣ меҷўянд пас ин як паёми ҷиддӣ аз корношоямии ин созмон медиҳад. Метавонем чунин иддао кунем, ки киштии Паймони миллӣ шикастааст ва сарнишинони онро зарур аст, ки худро ҳифзу ҳимоят намоянд. Албатта, дигар ба киштии шикаста касе намехоҳад савор шавад. Паймонии миллӣ ҳамчун киштии шикаста оқибаташ ғарқшавӣ ва нобудӣ мебошад.

Солиев Ш. Х. – н.и.с., сармуаллими

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like