Ба мусича яхмолакбозиро кӣ мондааст
Рушди бомароми иқтисодиёти кишвар боиси нороҳат гардидани хоинони миллат, бахусус Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш гардида, барои саги бовафо нишон додани хеш дар назди хоҷагонашон мақолаи бемантиқу таҳлилҳои бесаводонаеро зери унвони “Маълум шуд Раҳмон чӣ гуна дар 7 сол ММД-ро «ду баробар» мекунад” дар саҳифаи Payom.net нашр намуданд, ки ин бешубҳа фиғони хоинони миллат ва ташкилотҳои экстремистиву террористии наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамешагӣ таъкид менамоянд, ки: “Имрӯз мо бояд дастовардҳои истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт кунем, ба қадри Ватани озоду мустақил, сулҳу оромӣ расем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем ва дар баробари ин, наслҳои навро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия кунем”.
Мусаллам аст, ки сатҳи зиндагонӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои минтақаи Осиёи марказӣ каме паст бошад ҳам, вале иқтисодиёти мамлакат босуръат инкишоф ёфта ин нишондиҳандаҳо диққати сармоягузорони хориҷиро ба худ ҷалб намуд.
Кабириву косалесонаш, миссияи нопоку ноҷавонмардонаи худро, ки назди хоҷагонашон иҷро карда натавониста, имрӯз аз рашку ҳасаду сӯзиши ҷон ба фиғон омада таҳлилҳои беасосу бесаводона намуда гӯё худашонро назди хоҷагонашон саги вафодор нишон медода бошанд, даст ба “таҳлили иқтисоди мамлакат” задаанд.
Дар мақола “таҳлилгар” менависад, ки “Ҳоло бояд дида шавад, оё воқеъан ММД дар 7 соли гузашта ду баробар шуд ва бо кадом роҳ, то бидонем Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли оянда чӣ гуна мехоҳад ин “дастовард”-ашро такрор кунад. Барои ин бояд ММД-и соли 2013 (чун дар охири он сол Раҳмон раисҷумҳури “нав”-и Тоҷикистон шуд) ва 2019 (чун 2020 ҳанӯз тамом нашудааст) муқоиса карда шаванд.”
Оре, агар аз нигоҳи воқеъбинона ба ММД дар 7 соли сипаришуда назар афканем Ҳаҷми ММД мутобиқи нархҳои бозорӣ дар соли 2013 40,524 бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2019 77,354 млрд сомонӣ баробар аст.
“Таҳлилгар” дар мақолаи худ овардааст, ки гӯё дар рушди иқтисодиёт ягон дигаргуние ба вуҷӯъ напайвастааст, вале барои баҳои додан камтарак саводи кофӣ бояд дошт ва таҳлилро дуруст баҳо дод.
Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист миллати бо дасти хоинону ватанфурӯшон валангоршударо гул-гул шукуфон намояд.
Чунончӣ, рушди нишондиҳандаҳои ММД дар 7 соли охир босуръати баланд афзоиш ёфтааст (ниг. ба ҷадвали 1).
Ҷадвали 1. Динамикаи таъғирёбии ММД Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар соли 2013-2019
Солҳо | Нишондиҳандаи мутлақ
(млн. сомонӣ) |
Бо фоиз нисбати соли сипаришуда (%) | Бо фоиз нисбати соли 2013 |
2019 | 77,354 | 112,36 | 190,88 |
2018 | 68,844 | 113,0 | 169,88 |
2017 | 61,094 | 112,2 | 150,7 |
2016 | 54,471 | 112,2 | 134,4 |
2015 | 48,401 | 106,1 | 119,44 |
2014 | 45,605 | 112,5 | 112,5 |
2013 | 40,524 | 100 | 100 |
“Таҳлилгар” кӯр-кӯрона навиштааст, ки “маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат аз 5 ҳазор сомонии соли 2013 то 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 расонида шуд”. Ин рақамҳо сатҳи воқеъии зиндагии мардум дар ин ду соли муқоишавандаро нишон медиҳад. 5 ҳазор сомонии соли 2013 ба 1050 доллари ИМА баробар буд, аммо 8,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2019 ба 819 доллар баробар мебошад. Яъне ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар ин муддат 231 доллар камтар шудааст.
Вале барои дуруст муайян намудани ММД ба ҳар сари аҳолӣ мебояд зиёдшавии аҳолиро низ ба назар гирифт, ки инкишофи аҳолӣ дар ҳафт соли охир 11,3% ё худ қариб як миллион нафар аҳолӣ зиёд шудааст. Вале “таҳлилгари босавод” инро ба инобат нагирифтааст!
Ба Кабирӣ ва дигар косалесони сагмизоҷи зархариду ватанфурӯш гуфтанием, ки нисбати Ҳукумати мамлакат, нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, нисбати Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон барои сухан гуфтан ҳақ надоред! Аз ин гуфтаҳои ноҷо забонатон месузаду худатон ахгар мешавед! Зеро эҷод, парвариш ва густариши ҳофизаи таърихии ҷомеа, бахусус дар мисоли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар марҳалаҳои таҳаввулоти бузурги таърихӣ роҳкушои пешрафтҳои миллӣ буданд, омили бисёр муҳиме дар ҳифзи ваҳдати миллӣ, худбоварии ҷамъиятӣ ва заминасозӣ барои дастовардҳои ояндаи кишвар аст.
Ин марди бузург, илова бар нақши сиёсиашон, омўзаҳои ахлоқӣ ва дастовардҳое дар зиндагӣ доранд, ки метавонанд барои тарбияи маънавии насли наврас аҳамият бузург дорад.
Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчубаи стратегияи дарозмӯҳлати рушди миллии худ барномаҳои зиёд ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.
На танҳо миллати ҳақшиноси тоҷик, инчунин бисёре аз сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори тавоно ва давлатмарди хирадманд мешиносанд ва эҳтиром мекунанд ва изҳор медоранд, ки ин шахсияти фавқулода ва фарзанди содиқи халқ дар ҳассостарин замон, он ҳангом, ки истиқлоли Тоҷикистон дар маърази таҳдиду хатар афтод, чархи фармони сафинаи кишварро ба даст гирифт ва тавонист, ки ба масобаи як наҷотдиҳандаи воқеӣ дар сояи тадбир, шуҷоат ва мардонагии худ Тоҷикистонро аз вазъияти сахту душвор хориҷ созад. Бахт ба Тоҷикистон ёр буд, ки шахсияте бо чунин иродаи азим, ҷуръати баланди сиёсию давлатӣ ва дурандешию идро-ки беназир роҳбарии кишварро дар даст гирифт.
Танҳо мардонагӣ, шикебоӣ ва устувории Эмомалӣ Раҳмон мўҷиб гардид, ки Тоҷикистон пора-пора нашуд ва имрўз дар масири пешрафт қарор дорад.
Шамсиев Ф.К. – н.и.и., сармуаллими
кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ