Ифротиён дар истеъфо низ, ифротгар ҳастанд

Тавре, аз муқаррароти  моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

Барои ҳар як шахси маълумотдор, сиёсатмадор, ки дар арсаи сиёсат баҳс мекунад ана ҳамин моддаи якуми Конститутсияи номбурда кифоягӣ мекунад, зеро маҳз дар ҳамин модда қайд шудааст, ки давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате мебошад, ки сохташ демократӣ ва бунёдаш ҳуқуқӣ сатҳи идоракунии давлатиаш аз дин ҷудо аст.

Аслан ҳамаи гуфтаҳои ин шахсони манфур (Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабирӣ ) пур аз дурўғу фиреб буда, аз ҷумла оиди истефои онҳо ва дигар изҳоротҳову суҳанҳои пур аз иғвои онҳо…

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор гирифта шудани филми «Хиёнат» ҳамаи кирдорҳои хиёнаткорони миллатро ба тамоми мардуми кишвар бори дигар ва барои насли ҷавон чун далели воқеӣ нишон дод. Аз ин лиҳоз оид ба ҳамаи онҳое, ки дар хориҷи кишвар нисбат ба рушди муосири кишвар бо чашми ҳасад менигаранд, пеш аз ҳама онҳо хиёнаткор ва шахсонеанд, ки танҳо ҷазои қатл барои онҳо кам аст. Он азобу шиканҷаҳое, ки аз ҷониби аъзоёи  ТЭТ ҲНИ ба мардуми бегуноҳ расонида шуда буд мардуми бечора бо гиря ёдовар мешаванд.

Дар арсаи сиёсат оқибатҳои бесаводии, беилмии шахсони хиёнаткор ба ҳаракатҳои мусаллаҳона табдил ёфт, ки ғаразҳои номатлуби хешро зоҳир карданд. Мо шоҳиди он гаштем, ки чанд нафар шахсони бегуноҳ қурбони амалҳои ин ҳизби номатлуб гаштанд, модар аз фарзанд ҷудо, фарзанд аз падар ҷудо.

Ҳоло он ки дар дини мубини ислом на танҳо куштор гуноҳи азим, балки озор додан ҳам гуноҳ аст. Аз ҳамин хулоса карда, чунин мегўем, ки ин шахсон аз дину диёнат ҳам бехабаранд ва лофҳои бардурўғ ба номи Худованду ислом мезананд.

Имрўзҳо мо шоҳиди онем, ки дар давлатҳои дигари Арабӣ оқибатҳои чунин амалҳо ба терроризм ва экстремизм оварда расонида истодааст.

Мо шаҳрвандони кишвар фахр аз он дорем, ки тоҷик ҳастем ва дар Тоҷикистон зисту зиндагонӣ дорем ва намегузорем, ки ба ин кишвари биҳиштосо ва Сарвари хирадманду тавонои он бо чашми бад нигоҳ кунанд.

Зеро сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат сабаби он  шуд, ки имрўз мо ҳамчунин кишри ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидем. Хоинони миллат бидонанд, ки имруз сарвари давлат дар куҷое, ки набошанд ва қарор надоранд доимо баҳри ояндаи нек ва рушди босуботи кишвари маҳбубамон кушиш менамоянд.

Абдувоҳидов М. Р. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи

 соҳибкорӣ ва байналмилалии ДДҲБСТ

You might also like